Форуми байналмилалии «Помиринвест – 2023» дар ВМКБ

№101 (4684) 14.08.2023

12 -уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест — 2023» баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла роҳбарон ва намояндагони сафоратҳои як қатор кишварҳои ҷаҳон, ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, доираи васеи сармоягузорону соҳибкорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ширкат варзиданд.

Кори форумро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ифтитоҳ намуда, оид ба имкониятҳои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти минтақа сухан кард.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зикр кард, ки  дар раванди баргузории Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест — 2022» зиёда аз 28 шартнома ва тафоҳумнома дар соҳаҳои гуногун байни сохторҳои давлатӣ, созмону ширкатҳо ва шарикони рушд, дар доираи наздик ба як миллиард сомонӣ баста шуд.

Гуфта шуд, ки аз 28 созишномаи ба имзо расида дар соли гузашта 12 адад ба маблағи 210 млн. сомонӣ анҷом пазируфта, дар 14 лоиҳа ба маблағи 739,4 млн. сомонӣ корҳо дар ҷараён буда, роҳандозии ду созишнома ба маблағи 8,6 млн. сомонии соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Дар форум роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Волвач Дмитрий Валеревич, сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Миккалер, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Туреханов Валихон Амирхон ва сармоягузорону соҳибкорон баромад намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои асосии форум миёни иштирокдорони он табодули афкор сурат гирифта, соҳибкорону сармоягузорон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилоят, татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа мубодилаи афкор намуданд.

Мавриди зикр аст, ки кори форум се рӯзи дигар дар се панел – «Ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», «Рушди соҳаҳои саноат ва энергетика дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» ва «Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа» идома меёбад.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»