«Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».
Эмомалӣ РАҲМОН
Бар асари таҳаввулоти бузурги сиёсӣ – иқтисодии ҷаҳони муосир соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла дар мамлакати мо низ, ба як қатор мушкилу душвориҳо рӯ ба рӯ гардид. Маълум, ки пушти сар кардани ҳар гуна давраи гузариш ба осонӣ даст намедиҳад. Бо фарқ аз дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ин раванд барои миллату давлати тоҷик ниҳоят сангин шурӯъ шуда, имтиҳони ҷиддие пеш омад.
Ба бахти миллат ҷавонмарде бо дили саршор бо ормонҳои миллӣ ба майдони мубориза омад, ки имрӯз ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон маълуму машҳур мебошанд. Сарвари ҷавони давлати ҷавон дар якҷоягӣ бо ҳамраъйию дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд, ҳама он мушкилу монеаҳоро дар самти маориф ва илм дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ бартараф созанд.
Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илми кишварро дар маркази диққат қарор дода, барои мусоидат ба пешрафти соҳаи мазкур тамоми кори аз дасташомада, ҳатто ҷое берун аз имкониятро низ, анҷом дод. Дар баробари таҳия ва қабули санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин, навсозӣ ва сохтмони биноҳои нави таълимӣ муҷаҳҳаз бо техникаю технологияи муосир ҳадаф қарор дода шуд. Дар натиҷа, имрӯз дигар аз биноҳои куҳнаи таълимии замони шӯравӣ қариб, ки нишоне боқӣ намондааст. Дар баробари ин, шумораи литсей, гимназия, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ба маротиб зиёд гардиданд, ки дар онҳо акнун на танҳо ҷавонони тоҷик, балки аз хориҷи дуру наздик ҳам ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Мавриди баромадан аз буҳрони амиқу хатарноки сиёсӣ — иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи маорифи замоне хеле пешрафта, пеш аз ҳама хизмати бузурги Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қайд кардан бамаврид аст. Дар баробари ин, табиату ҳисси зотии маорифпарваронаю азалии миллати тоҷик дар ин самт боиси кушоиши кор гардид. Миллате, ки ба ҷаҳон даҳҳо олимону шоирони сатҳи ҷаҳониро ҳадя кардааст, миллате, ки пеш аз ҳама бо қаламу маърифат дар асарҳои безаволи илмию адабиаш дар олам шуҳрат пайдо кардааст, ҳаргиз бе маориф буда наметавонад. Бо сипос аз эҳё ва рушди маорифи тоҷик дар аҳди шӯравӣ ёдовар бояд шуд, ки гузаштагони мо дар ин ҷода таҷрибаи бузургеро молик буданд. Афкори педагогии халқи тоҷик чун адабиёти классикии он хеле ғанӣ аст. Бештари асарҳои намояндагони барҷастаи адабиёти классики тоҷику форс, ки роҷеъ ба масъалаҳои одаму одамгарӣ, адолату некукорӣ, илму маърифат, фазлу адаб, ҷавонмардӣ, донишу амал, тарбия ва фазилатҳои неку бади инсонӣ дахолат намудаанд, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Дар хонадони ҳар як тоҷик ба китоб арҷгузорӣ ва ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ дода, то ҷое ки китоб ҳамчун муқаддасот ёд карда мешуд. Имрӯзҳо ҳақиқат боло мегирад ва ҷаҳониён эътироф менамоянд, ки аз ҷумла, олимон, файласуфон, адибон, мутафаккирони классики тоҷику форс,чун Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Саъдии Шерозӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Насриддини Тӯсӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва бисёр дигарон ҳанӯз дар замони худ таҳкурсии мустаҳками илму маорифро асос гузошта буданд, ки имрӯз уламои Аврупою Ғарб аз он васеъ истифода мебаранд.
Ҳаёт ҳамарӯза вазифаҳои нав ба нав ба миён мегузорад. Пӯшида нест, ки бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар соҳаи маорифи кишвар ҳанӯз ҳам камбудию мушкилиҳо кам нестанд. Имрӯзҳо дар мамлакат нарасидани мутахассисон дар аксари соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ — илм, маориф, тандурустӣ, кишоварзию саноат эҳсос мегардад. Мушкили дигар, масъалаи омодасозии қадрҳои баландихтисос, тибқи талаботи ҷаҳони муосир, мебошад. Яъне, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон, ҳавасмандӣ ва садоқати касбии мутахассисони соҳа мебошад, ки ҳалли онҳо, пеш аз ҳама, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобастагии зиёд дорад.
Хушбахтона, ба ин ҳама нигоҳ накарда, маорифи мамлакат ба пеш ҳаракат дорад, ки дар ин комёбиҳо азму ирода, меҳру муҳаббат, заҳмати фидокоронаи кулли омӯзгоронро зикр кардан муҳим аст. Онҳо ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрат, донишу таҷрибаи худро барои соҳибмаълумот гардидани насли ҷавон ба харҷ медиҳанд. Нақши омӯзгор дар рушду нумӯъ ва иқтидору устувории мамлакат хеле мондагор аст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, натиҷаҳои рушди соҳаи маорифи мамлакат дар панҷ соли охир инъикос шуд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 муассисаи таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Барои дастгирӣ ва некуаҳволии кормандони соҳа аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо боз 20 фоиз зиёд шуд.
Ҳамаи ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф гувоҳи он аст, ки ояндаи дурахшони миллату давлат ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим вобаста мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ кардан ба маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».
Расидан ба қадри заҳмату маблағҳои зиёди сарфгардида бобати беҳдошти муассисаҳои таълимии сартосарии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии таълиму тарбияи хонандагон ва таъмини кишвар бо кадрҳои болаёқат ин кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз мебошад.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»