Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

№102 (4685) 16.08.2023

Стандарти Садои мардум Путин15-уми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ба ҳалокат расидани одамони зиёд бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистон боиси андӯҳи амиқи мо гашт.

Хоҳишмандам таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам».