Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти мол коҳиш ёфт

№102 (4685) 16.08.2023

Ashurboj-110-уми августи соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Ашурбой Солеҳзода муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон иброз намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар соҳаи саноат барои ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва

содиротӣ 490 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2400 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20,7 миллиард сомонӣ баробар гардид. Суръати рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 14,2 фоиз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати коркард, 7,3 фоиз саноати истихроҷ ва 13,6 фоиз таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво таъмин гардидааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2023 ба ҷумҳурӣ 736,1 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки аз он 86,5 миллион долларро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3415 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 98,2 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Содироти мол нимсолаи аввали соли ҷорӣ 678,6 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2 фоиз ё 536,6 миллион доллар кам аст. Омили асосии коҳиш ёфтани нишондиҳандаи содирот ин кам шудани ҳаҷми содироти металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта ва алюминийи аввалия ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон номбурда тазаккур дод, ки дар баробари ин содироти молҳои ғайриозуқаворӣ, ба монанди либос, маҳсулоти кимиёвӣ, мис, нӯшокиҳои спиртдор ва беспирт, рангҳои сохтмонӣ, ангишт, орд, халтаҳои бастабандӣ, маҳсулоти пластмасӣ ва ҷӯроб афзоиш ёфтанд.

Дар ин давра воридоти мол ба 2736,4 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба шаш моҳи аввали соли гузашта 19,1 фоиз ё 438,4 миллион доллар зиёд шуд. Зиёдшавии нишондиҳандаи воридот асосан аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми воридоти гандум, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, таҷҳизоти технологӣ, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот, воситаҳои парвозкунанда, чӯбу тахта ва маҳсулоти он, инчунин шумораи воситаҳои нақлиёти заминӣ ба миён омадааст.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»