Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суман» солҳои зиёд аст, ки фаъолияташро дар самти эҳёи ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ ва фармоишҳои гуногуни шаҳрвандон равона намудааст. Дар корхона бештар аз 30 нафар занону духтарони чирадасти ботаҷриба кор мекунанд. Онҳокӯшишу ғайраташонро баҳри аз нав эҳё намудани ҳунарҳои бадеии халқӣ равона намудаанд. Кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суман» дар баробари эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба дӯхтани Парчами давлатии Тоҷикистон низ машғуланд. Масъулини корхона тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти занони хонанишин ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ доираи фаъолияташонро тақвият бахшанд.
Ҳунармандони Театри Лоҳутӣ дар ВМКБ
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Сафари ҳунарии ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расид. Ҳунармандони театр намоишномаи «Раъду барқ» и- Тсао Юйро ба сокинони шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Хоруғ намоиш доданд. Намоишнома ба мардуми Бадахшон хуш омад. Асарро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шодравон Хушназар Майбалиев ба саҳна гузошта буд. Сокинони вилоят ин марди ҳунарро хуб мешиносанд. Роҳбарияти театри мазкур зикр намуданд, ки ин сафари ҳунарӣ ба 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гурминҷ Завқибеков бахшида шудааст.
Баргузории амалиёти «Биёед китоб мехонем» дар пойтахт
ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва иншоотҳои истифодабарӣ» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалиёти «Биёед китоб мехонем» баргузор гардид. Мақсад аз ин иқдом ҷалби наврасону ҷавонон ба хониш, нигаҳдории китоб, аз худ кардани илму маърифат, одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва худогоҳию поктинатӣ мебошад. Дар робита ба татбиқи сиёсати давлатӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумитаи мазкур таъмини иштироки ҷавонон дар рушди фарҳанг ва ба ин васила тақвият бахшидани китобхонию китобдорӣ дар байни насли наврас ва ҷавонон мебошад.
Сафари «Корвони китоб» идома меёбад
ДУШАНБЕ. (Раҷаббек ИСОЕВ ) Ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 12 то 19 августи соли равон бо иштироки аҳли илму адаб ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд намоиш – фурӯши китоб таҳти унвони «Корвони китоб» баргузор гардид. Тибқи нақша чорабинии «Корвони китоб» дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Шаҳристон, Ғончӣ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Б.Ғафуров, шаҳрҳои Панҷакент, Чкалов, Хуҷанд, Қайроққум дар сатҳи баланд гузаронида шуд ва масъулини чорабинӣ бо мизбонон шартномаҳои ба имзо расониданд. Сафари «Корвони китоб» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ идома дорад.
Кӯчаҳои шаҳрак таъмиру мумфарш мешаванд
ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо кумаку маблағгузории Ҳукумати кишвар як қисмати кӯчаҳои маркази ноҳия, ки зиёда аз 30 сол боз рӯйи таъмиру тармимро надида буданд, аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Бунёди роҳ»-и шаҳри Кӯлоб азнавсозию мумфарш карда мешаванд. Ҳоло роҳсозон қисмати роҳҳои харобгаштаро тавассути техникаҳои махсус ҳамвору мустаҳкам намуда истодаанд. Дар назар аст, ки бо ин усул шаш кӯчаи шаҳракро, ки масофаи умумии онҳо 5,5 километрро дар бар мегирад, таъмиру мумфарш намоянд.
Пешгирии зӯроварӣ дар оила
РОҒУН. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Чанде пеш вохӯрии муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимова бо занону духтарони шаҳр баргузор гардид. Дар ҷамъомад оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, нашъамандӣ дар байни занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон сухан рафт. Инчунин масъалаи мавқеи занон дар ҷомеа, махсусан, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Кӯчаҳо обод мегарданд
САРБАНД. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум») Бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи ҷашни 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ду километр роҳи кӯчаи марказӣ бо сифати баланд мумфарш гардонида шуд. Барои таъмир аз буҷети маҳаллӣ зиёда аз як миллион сомонӣ масраф гардидааст. Тавре сардори Идораи роҳсозии шаҳр Раҷабалӣ Изатуллоев иброз дошт, онҳо ният доранд, ки дар оянда дигар кӯчаҳои маркази шаҳрро низ хушсифат мумфарш намоянд. Дар ин кор ёрӣ ва маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ истифода хоҳад шуд.
Рӯ овардан ба амалҳои хайр
ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Ҳисси ватандорӣ беш аз пеш дар қалби соҳибкорони маҳаллӣ маскан мегирад. Соли равон бо кумак ва маблағгузории онҳо сокинони деҳаи навбунёди Истиқлоли деҳоти «Зафар» бо хати барқ таъмин гардида, дар литсейи рақами 2 ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 3, № 35, № 39, № 47 синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуданд. Хушбахтона, ин амалҳои хайри соҳибкорони маҳаллӣ ва зодагони ноҳия дар кори бунёду таъмири роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ акнун ба ҳукми анъана даромадааст.
Ванҷи пурганҷ
ВАНҶ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар Муассисаи нашриявии «Ирфон»- и Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи шеърҳои шоир — омӯзгори ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Идиев Додихудо бо тахаллуси Доди Ҳусейн таҳти унвони «Ванҷи пурганҷ» ба табъ расид. Дар ин маҷмӯа шоир рӯзгори мардуми диёр, мактабу китоб, сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти Ватани азизро васф мекунад. Китоби «Ванҷи пурганҷ» зери назари раиси бахши Бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан ба чоп омода гардидааст.
Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.