Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

№105 (4688) 24.08.2023

ХАБАРИ 020 августи соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, намояндагони бахши соҳибкорӣ, инчунин дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

www. majmilli.tj