Идомаи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин (21 августи соли 2023)

№105 (4688) 24.08.2023

8525521 август дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони қаҳрамонони кишвари Чин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузоштанд.

76128191-49FF-42BF-8E2A-4EBB471C8993-768x512Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Рустами Эмомалӣ руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини раиси Комиссияи Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

***

CTX_6783-768x51221 август инчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳ аз Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин боздид ба амал оварданд.

Осорхонаи мазкур аз соли 2021 ба фаъолият оѓоз намуда, дар он беш аз 2500 аксҳо, 3500 ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин ҳудуди беш аз 147 ҳазор метри мураббаъро ишѓол карда, намоишгоҳи калонтарин ва муҳими миллии Чин ба ҳисоб меёбад.

Бинои асосии он дар шакли иероглифи чинии «гун», (коргарон) сохта шуда, таҷассумгари пешоҳанги синфи коргар, мардум ва миллати чин будани Ҳизби Коммунистии Чин мебошад.

www.majmilli.tj

CTX_6785-768x512

CTX_6790-768x511