Дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 22 август бо Муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэн мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ изҳори сипос карда, муҳтарам Хан Чжэнро ба муносибати ба мақоми баланди Муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардиданашон муборакбод намуданд.
Таъкид гардид, ки муносибат бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, Чин барои кишвари мо шарики боэътимоди стратегӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ҷонибҳо ба натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода, муҳиммияти рушди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин, аз ҷумла татбиқи саривақтии созишномаҳои қаблан бадастомадаи байни роҳбарони ду давлатро таъкид намуданд.
Дар ин замина, аз робитаи зич ва ҳамкории судманди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин фаъолияти самарабахши гурӯҳҳои дӯстии Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ташаббуси стратегии Чин «Як камарбанд, як роҳ»-ро пуштибонӣ карда, дар доираи он ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки ба манфиатҳои аслии ду кишвар ва мардуми бо ҳам дӯсти онҳо равона гардидааст, назари нек дорад.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дар марҳилаи ба модели саноатию аграрии рушд рӯ овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани нерӯи инноватсионии истеҳсолот дар ҳамаи бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ва амалигардонии лоиҳаҳои муҳими инфрасохториро бо истифода аз технологияҳои илмию индустриалии Чин, мувофиқи мақсад ҳисобиданд.
Афзоиши бемайлони сармоягузории Чин дар Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ аз қабили саноати кӯҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ бо қаноатмандӣ зикр гардида, ҳамчунин ҷонибҳо оид ба зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Чин, тақвияти иштироки соҳибкории Чин дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, роҳу нақлиёт, обёрӣ ва беҳдошти замин, тавсеаи долонҳои транзитӣ табодули андеша карданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаҳои фарҳангию гуманитарӣ, зиёд кардани миқдори бурсия ва стипендияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҷалби сармоя барои инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, бахусус вазъияти ноорому ташвишовари Афғонистон, масъалаи таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахши амният, пурзӯр кардани талошҳои муштарак ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзиро зарур шумурданд.
Дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэнро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карданд, ки он бо самимияту хушнудӣ қабул гардид.