Дар заминаи фаъолияти пурмаҳсулу муназзами ин бонки бонуфуз якҷоя бо дигар бонкҳо
низоми бонкии ҷумҳурӣ устувор ва сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ беҳбудӣ меёбад
Дар суханронии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат, ки 15 январи соли 2013 баргузор гардид, идома ёфтани ислоҳоти бонкӣ баҳри таъмини устувории низоми бонкӣ, зиёд кардани шаклҳои хизматрасониҳои муосир, фароҳам овардани захираҳои васеи қарзиву сармоягузорӣ ба бахши иқтисодиёт, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ, муҳиму саривақтӣ ҳисобида шудааст. Дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунон зикр гардид: «Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», инчунин бонкҳои тиҷоратӣ, ба масъалаи додани қарз ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳибкорони ноҳияҳои дурдасту кӯҳистони мамлакат, аҳамияти зарурӣ диҳанд». Лозим ба ёдоварист, ки масъалаи мазкур мунтазам дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор дошта, давоми солҳои охир бамаротиб тавсеа ёфтани фаъолияти низоми бонкии мамлакат низ аз ин омил маншаъ мегирад. ҶСК «Агроинвестбонк», ки яке аз пешсафони низоми бонкии кишвар маҳсуб меёбад, ба ҳама дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷумлаи аввалинҳо ҳамовозӣ менамояд.
Аз шиносойӣ бо фаъолияти ин бонки бонуфузи мамлакат бармеояд, ки маҳз дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат фаъолияти бонк рушду тавсеа ёфта, нишондиҳандаҳо дар ҳама самт тамоюли афзоишро касб намудаанд. Айни замон бонки мазкур бо 62 филиал, 26 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 91 нуқтаи интиқоли маблағ ба мизоҷон номгӯйи васеи хизматрасониҳои бонкиро дар сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ пешниҳод намудааст. Нишондиҳандаҳои оморӣ далеланд, ки рӯз то рӯз мавқеи ҶСК «Агроинвестбонк» дар бозори бонкии мамлакат мустаҳкам гашта, мизоҷонаш низ ҳамвора зиёд мешаванд. Айни замон 21 фоизи ҳаҷми умумии дороиҳои низоми бонкии кишвар, 29 фоизи сандуқи амонатҳо (депозитҳо), 21 фоизи сармояи маҷмуӣ ва 22 фоизи сандуқи қарзии бонкҳои ҷумҳурӣ маҳз ба ин муассисаи бонуфузи молиявӣ тааллуқ дорад. Бешубҳа, ҶСК «Агроинвестбонк» ҷузъи муҳими низоми бонкии кишвар маҳсуб ёфта, вазъи молиявӣ ва раванди фаъолияташ кафолати устуворӣ ва дар сатҳи муътадил қарор доштани низоми бонкии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Собитқадам будани ин муассисаи молиявӣ дар амалисозии барномаҳои муҳими давлатӣ, ки ҳадафашон таъмини некуаҳволии аҳолӣ аст ва ба ин васила саҳмгузор будан дар таъмини дастрасии бештари эҳтиёҷмандон ба хизматрасониҳои бонкӣ шаҳодати он мебошад. Чанде пеш, бо назардошти ҳадафҳои зикргардида, Ҳукумати ҷумҳурӣ ин муассисаи молиявиро дастгирӣ намуд. Бинобар ин, аз ҷониби Ҳукумат мавриди дастгирӣ қарор гирифтани ҶСК «Агроинвестбонк» идомаи мантиқии ҳамон раванд маҳсуб ёфта, аз дурнамои неки фаъолият баҳри рушди ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Ҳамкориҳои ҶСК «Агроинвестбонк» бо Ҳукумати мамлакат дар ҳама самтҳо, аз ҷумла амалӣ намудани барномаҳои гуногун, ки ба рушди соҳаҳои ҷомеа нигаронида шудаанд, пештар низ сатҳи баланд дошт ва маҳз ҳамин омил замина фароҳам овард, ки бонк вобаста ба зарурат дастгирӣ ёбад. Аксари лоиҳаҳое, ки дар доираи барномаҳои зикршуда ҶСК «Агроинвестбонк» маблағгузорӣ намудааст, ба фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, рушди истеҳсолоти дохилӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар тариқи дастгирии бахши кишоварзӣ, ки дар шароити кунунӣ барои ҷумҳурии мо хеле муҳиму саривақтӣ маҳсуб меёбад, нигаронида шудааст. Айни замон бонк бо ҷалби сармояи давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ фаъолият намуда, роҳбарияти он дар самти боз ҳам беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ тасмими зиёд дорад, ки афзудани ҳаҷми қарздиҳӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва занони соҳибкор, ҷорӣ кардани шаклҳои нави хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ба мисли ташкили роҳҳои нави интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ (коркарди механизми интиқоли маблағҳо тавассути кортҳои пардохтӣ), овердрафт, кортҳои қарзӣ, пардохти хизматрасониҳои ҷамъиятиву маишӣ ва ғайра, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкҳои хориҷӣ барои фароҳам овардани фазои мусоид баҳри ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, кушодани марказҳои амалиётии нав дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва барориши кортҳои пардохтӣ аз ҳамон ҷумлаанд.
Бонки мазкур дар таъмини дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдасту кӯҳистони кишвар ба хизматрасониҳои бонкӣ яке аз пешсафон маҳсуб меёбад, зеро айни замон дар баробари фаъолияти пурмаҳсули 62 филиали бонк дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ, инчунин теъдоди зиёди нуқтаҳои интиқоли маблағ ва марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамрадиф бо 8 филиал, 12 нуқтаи интиқоли маблағ ва як маркази хизматрасонии бонкӣ дар дурдасттарин минтақаҳо, ки сокинонаш пештар чунин сатҳу сифати хизматрасонии бонкиро танҳо орзу менамуданд, фаъолияти пурмаҳсул доранд. Таъсиси нуқтаҳои интиқоли маблағ аз ҷониби роҳбарияти бонк вобаста бо тақозои замон амалӣ шудааст. Мавриди истифода қарор гирифтани чунин нуктаҳо шароит фароҳам овардааст, ки ҳамватанони мо маблағҳои аз ҷониби пайвандонашон интиқолгардидаро сари вақт дастрас намуда, дар ҳолати зарурӣ ба хориҷи мамлакат низ маблағ интиқол диҳанд. Дар ҳамин радиф 26 маркази хизматрасонии ҶСК «Агроинвестбонк» дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Махсусияти фаъолияти чунин марказҳо дар он зоҳир мегардад, ки агар дар нуқтаҳои интиқоли маблағ ба мизоҷон танҳо хизматрасонии интиқоли маблағ пешниҳод гардад, пас дар марказҳои зикргардида шаҳрвандон имкони аз номгуйи нисбатан васеи хизматрасониҳои бонкӣ баҳравар шудан доранд. Сафи мизоҷони бонк ҳамасола афзун шуда, ба ҳолати охири соли 2012 зиёда аз 880 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҷалби пасандозу амонат, пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ ва тиҷоратӣ, интиқоли маблағ, маблағгузории тиҷоратӣ, хизматрасонии ҳисоббаробаркунӣ ва хазинавӣ, мубодилаи асъор ва дигар намудҳои хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷумлаи маҳсулоти асосии пешниҳодшаванда ба шумор мераванд. Бонк бо 14 низоми байналмилалии интиқоли маблағ ҳамкорӣ намуда, тавассути онҳо маблағҳои интиқолиро ба шаҳрвандон дастрас менамояд. Давоми соли 2012 аз тарафи бонк ба 880 ҳазор мизоҷ хизматрасонӣ шудааст, ки маблағҳои интиқолдода 915 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, маблағҳое, ки бо хоҳиши мизоҷон берун аз ҷумҳурӣ интиқол дода шудаанд, 145 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Айни замон бонк барои зиёд намудани иқтидори захиравиаш бо ҷалби пасандозҳои аҳолӣ тавассути пешниҳоди 15 номгуй маҳсулоти пасандозии бонкӣ, ки ба талаботи ҳама табақаҳои мизоҷон ҷавобгӯ аст, афзалияти калон медиҳад. Самараи чунин иқдомот буд, ки бақияи сандуқи пасандозҳо (пасандозҳои дархостшаванда, амонатӣ, муҳлатнок) ба ҳолати охири соли 2012 маблағи 1,4 млрд. сомониро ташкил додааст, ки ин нисбати нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2011-ум 15,7 фоиз бештар аст. Дар соли 2012 аз тарафи аҳолӣ 53 ҳазор ҳисобҳои пасандозӣ истифода шуда, маблағҳои ба ин ҳисобҳо воридшуда зиёда аз 753 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ногуфта намонад, ки фоизҳои амалкунандаи пасандозҳои бонк ба талаботи бозори пасандозии ҷумҳурӣ мутобиқ буда, боварии аҳолӣ низ ба бонк ҳамвора зиёд мешавад.
Яке аз самтҳои бартаридошта барои бонк ин пешниҳоди қарз барои соҳаи кишоварзӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд мебошад, зеро ҶСК «Агроинвестбонк» ба нақшаҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба равнақи иқтисодиёт бетараф набуда, вазифаҳои бонк дар ин самт ба кам намудани хавфҳо ва зиёд намудани гардиши воситаҳои гузошташаванда равона шудааст. Соли 2012 ҳаҷми қарзҳои ҷудошуда дар низоми ҶСК «Агроинвестбонк» ба 1,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, шумораи онҳо беш аз 30 ҳазор ададро ташкил додааст. Аз ҳаҷми умумии қарзҳое, ки дар ин давра дода шудаанд, маблағи 343,8 миллион сомонӣ ба қарзҳои хурдҳаҷм рост меояд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба андозаи 24 фоиз зиёдтар мебошад. Бақияи қарзҳои тӯли соли 2012 аз тарафи бонк ҷудошуда ба соҳаи кишоварзӣ – 127,3 миллион сомонӣ, соҳаи саноат-126,0 миллион сомонӣ, истеъмол-93,7 миллион сомонӣ, сохтмон – 103,5 миллион сомонӣ, соҳаи нақлиёт – 5,7 миллион сомонӣ, тиҷорат – 333,6 миллион сомонӣ, хизматрасонӣ — 75,9 миллион сомонӣ, алоқа-5,3 миллион сомонӣ ва дигар соҳаҳо – 355,2 миллион сомонӣ рост меояд.
Паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ бевосита ба беҳтаршавии вазъи молиявию иқтисодии навоҳии кӯҳистони ҷумҳурӣ алоқамандии зич дорад. Аз ин рӯ, ҶСК «Агроинвестбонк» ба ин ноҳияҳо диққати махсус дода, дар давраи баррасишаванда ҳамагӣ ба минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ зиёда аз 7,5 ҳазор адад ба маблағи 67,6 миллион сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод намудааст.
Бо мақсади вусъат бахшидани ҷалби сармояи хориҷӣ, ҶСК «Агроинвестбонк» бо Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Барқароркунии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо Бонки Рушди Осиё дар самти лоиҳаи «Рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» ҳамкорӣ мекунад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ҶСК «Агроинвестбонк» аз соли 2008 инҷониб пешниҳоди қарз ба соҳаи кишоварзиро дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи лоиҳаи TAFF (Маблағгузории соҳаи кишоварзии Тоҷикистон), ки аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дастгирӣ меёбад, ба роҳ монда, то ин давра ба 13 ҳазор мизоҷ зиёда аз 43 миллион доллари ИМА қарз додааст, ки 29 фоизи ин маблағ барои соҳаи пахтакорӣ ва 67 фоизи он барои парвариши дигар зироат пешбинӣ шудааст. Аз моҳи октябри соли 2012 инҷониб дар ҳамкорӣ бо мутахассисони лоиҳаи TAFF пешниҳоди қарз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҷорӣ шуд.
Зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: «Ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии бонкӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари захираҳои қарзӣ зарур аст, ки шабакаҳои бонкиро васеъ гардонида, барои тамоми намудҳои хизматрасонӣ шароит фароҳам оварда шавад. Дар ин ҷода сифати хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардошта, оид ба танзими муомилоти нақдиву ғайринақдӣ чораҷӯӣ карда шавад».
Аз шиносойӣ бо раванди коргузорӣ дар ҶСК «Агроинвестбонк» муътақид гардидем, ки истифодаи технологияи ҷадид дар он таври густурда роҳандозӣ шудааст. Омили мазкур замина фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар гардида, ҷараёни фаъолият ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ шавад. Имрӯз дар фаъолияти бонк навтарин технологияи низоми бонкдорӣ мавриди истифода мебошад. Ҷоиз ба зикр аст, ки ҶСК «Агроинвестбонк» дар самти ҷорӣ намудани кортҳои пардохтӣ ва насби банкомату POS- терминалҳо низ яке аз пешсафон маҳсуб ёфта, айни замон 103 банкомат ва 113 POS- терминали ин бонки бонуфуз ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ мавриди истифодаи шаҳрвандон қарор доранд. Миёни бонкҳои мамлакат яке аз аввалинҳо шуда таъсис додани маркази просесингӣ аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк» ва барориши аввалин корти миллӣ бо номи КАД (Корти Аввалини Дохилӣ) далели собитқадам будани он дар самти дастрас намудани истифодаи кортҳои пардохтӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа аст. Хизматрасонии нави бонкӣ- «Интернет бонк», ки ҶСК «Агроинвестбонк» яке аз аввалинҳо шуда ҷорӣ намуд, ба дорандагони кортҳои пардохтӣ имкон медиҳад, таври фосилавӣ ҳисобҳои кортии худро идора намуда, як қатор амалиёти молиявӣ, иттилоотӣ ва дигари бонкиро мустақиман тавассути компютер ба анҷом расонанд. Ҳамчунин хизматрасонии «Мобильный банкинг» ба дорандагони кортҳои пардохтӣ чунин имконотро тавассути телефон фароҳам меорад.
Хизматрасонии нави бонкӣ — «Қабули пардохтҳо» ба дорандагони кортҳои пластикӣ имкон медиҳад, ки бо кортҳои пардохтӣ тавассути банкоматҳо, интернет-бонк ва бонки-мобилӣ мустақиман пардохтҳои ғайринақдиро амалӣ намоянд. Айни замон бо се ширкати алоқаи мобилӣ, аз ҷумла ҶСП Tcell, ҶСП Megafon ва ҶСП Вавилон-М оиди қабули пардохтҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин барои ташкилотҳо кортҳои корпоративӣ таҳия ва ҷорӣ гардидааст. Имкониятҳои кори банкоматҳои бонк зиёд карда шудааст, ки тавассути онҳо на фақат гирифтани пули нақд ва маълумот оиди бақияи ҳисоб, балки гузаронидани маблағ аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар, пайваст шудан ба хизматрасониҳои бонкӣ, пардохт кардани хизматрасониҳои алоқа ва ғайра имконпазир аст.
Дар суханрониҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мунтазам масъулини низоми бонкии кишвар баҳри густариш бахшидани муомилоти ғайринақдӣ вазифадор гардида, бештар интишор ёфтани он аз ҷониби Ҳукумати кишвар омилҳои таҳкимбахши иқтисоди миллӣ эътироф шудааст. Нақшаҳои роҳбарияти бонк дар самти густариши муомилоти ғайринақдӣ хеле зиёданд ва итминонамон комил аст, ки онҳо натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳанд овард.
Рӯйдоди фараҳбахши соли гузашта барои аҳли ҶСК «Агроинвестбонк» бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави филиали бонк дар шаҳри Истаравшан маҳсуб меёбад. Ёдовар мешавем, ки зимни сафари хеш ба вилояти Суғд 28 октябри соли сипаригашта Президенти ҷумҳурӣ фаъолияти филиали зикршударо дар бинои нав, ки бо риояи талаботи меъмории муосир ва ниёгонамон бунёд гардида, дар ин макон барои фаъолияти кормандон тамоми шароит муҳайё шудааст, ҳусни оғоз бахшида буд. Бо назардошти шаҳри саноатӣ ва соҳибкорони зиёд будани Истаравшан Роҳбари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки ҳаҷми сандуқи қарзии филиал зиёд карда шавад, то ниёзмандон аз он бештар баҳравар шаванд. Роҳбарияти бонк баҳри ҳар чӣ зудтар амалӣ намудани ин таъкиди Сарвари давлат як силсила иқдомотро амалӣ намуданд. Соли сипаригашта дар шаҳри Турсунзода низ бинои нави филиали бонк бо усули ҷадид эъмор гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Зимни суҳбат бо мо мизоҷони ҶСК «Агроинвестбонк» омил ва сабабҳои маҳз ин муассисаи молиявиро ба сифати ҳамкор интихоб намуданашон ба сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ, обруву нуфузи баланд дар дохил ва хориҷи мамлакат, пешсаф будан дар самти истифодаи технологияи ҷадид, роиҷ будани муносибати хеле хуби кормандони бонк бо мизоҷон ва ғайраро рабт медиҳанд. Кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» дар муносибат бо мизоҷон андешаи «мизоҷ ҳамеша ҳақ аст»- ро шиори фаъолияти хеш қарор дода, ба ҳар яки онҳо тариқи инфиродӣ вобаста ба талабот ва завқашон муносибат менамоянд. Баргузории чорабиниҳои гуногуни ҳавасманд ва ҷалбкунанда аз самти дигари иқдомоти роҳбарияти бонк маҳсуб ёфта, равобити бонкро бо мизоҷон тақвият бахшидааст. Ин аст, ки сафи мизоҷони бонк тамоюли афзоишро касб намудааст.
Баъзан шоҳиди ибрози андешаҳое мешавем, ки гӯё бе шафоати «миёнаравҳо» ва пардохти маблағи муайян баҳравар гардидан аз қарзҳои бонкӣ ғайриимкон аст. Ин падидаи номатлуб дар ҶСК «Агроинвестбонк» мавҷуд нест. Ҷолибтарин омиле, ки мо мушоҳида намудем, ин мавҷудияти лавҳаҳои иттилоотӣ бобати зуҳуроти номатлуб ва ҷиноят будани коррупсия дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонии бонк аст. Омили мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарияти ин бонки муътабар муассир будани корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирии падидаҳои номатлуб ба хубӣ дарк ва аз он самаранок истифода менамояд.
Чордаҳуми ноябри соли гузашта дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 қабул гардид. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зимни пешниҳоди ин ҳуҷҷат ба муҳокимаи вакилони Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки соли 2013 низ баҳри таҳким бахшидани фаъолияти низоми бонкии мамлакат дар доираи Стратегияи рушди бахши бонкӣ барои солҳои 2010-2015 андешидани як силсила тадбирҳо дар назар аст. Тавре аз ин суханон бармеояд, соли равон ислоҳоти соҳа идома ёфта, раванди идоракунии дороиҳо такмил дода мешавад. Ҳаҷми пешниҳоди қарз, фаъолияти бозори байнибонкии қарзӣ ва шаффофияти фаъолияти низоми бонкӣ вусъат ёфта, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар заминаи истифодаи васеи технологияи муосири пардохтӣ ва ҷорӣ намудани намудҳои нави хизматрасонӣ бештар мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Фаъолияти пурмаҳсули ҶСК «Агроинвестбонк» ва дастоварду пешравиҳои он далели возеҳи он аст, ки низоми бонкии кишвар дар ҳама самтҳо комёб мешавад.
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»