Аз нишастҳои матбуотӣ

Соддасозии рафтуомади шаҳрвандони хориҷӣ- омили ҷалби сайёҳон

№ 16.08.2023

201410250637_764- Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бо 183 давлат муносибатҳои дипломатиро барқарор намудааст. Соли ҷорӣ яке аз натиҷаҳои асосӣ дар фаъолияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рӯйдоди муҳим барои ҷомеаи байналмилалӣ, ин конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» буд, ки 22-24 март бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню – Йорки ИМА баргузор гардид. Дар  ин ҳамоиши бузург 10 000 нафар ширкат варзиданд,- иброз намуд вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 15-уми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Зикр гардид, ки дар самти фаъолияти консулӣ иқдомҳои созанда ва дигар ташаббусҳо бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин ҷиҳати соддасозии рафтуомади шаҳрвандони хориҷӣ ва ба ин васила ҷалби бештари  сармоягузорону сайёҳон ба кишвар идома дода шуд. Бо мақсади муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллат, рушди иқтисодии кишвар  ва дар маҷмӯъ тақвияти симои мусбати  Тоҷикистон, инчунин ҷалби сармоягузорон ва сайёҳон, намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа бо баргузор кардани  ҳамоишҳои  таблиғкунандаи иқтисодӣ, ҷашнҳои миллӣ, намоишгоҳҳо ва брифингу мусоҳибаҳо саҳмгузор буданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ёдовар шуд, ки 24 майи соли равон бо қарори Ниҳоди иҷроияи UNESCO куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба феҳристи хотироти ҷаҳонии UNESCO ворид карда шуд.

Зикр гардид, ки 14-15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ду  чорабинии муҳими сатҳи баланд-вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад.

Вобаста ба ин таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Кумитаи тадорукот  таъсис дода шуда, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи ин ду чорабинӣ фаъол аст.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»