Аз нишастҳои матбуотӣ

Баррасии 1592 парвандаи иқтисодӣ

№ 07.08.2023

11111Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ, ки 7-уми августи соли 2023 баргузор гардид, қайд кард, ки нимсолаи аввали соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1592 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211 адад кам мебошад. Аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома 810 баррасӣ ва 69 парванда қатъ карда шуда, 255 арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ ҷавобгӯй набуданашон баргардонида шудаанд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ бошад, 150,дар суди марҳилаи назоратӣ 149 парванда баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра, зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ ба судҳои иқтисодӣ 1 миллиону 153 ҳазору 617,09 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт шудааст.

Кор дар самти иҷрои санадҳои судӣ нисбат ба солҳои пешин беҳтар гардида, судҳои иқтисодӣ ҳамкориро бо воҳидҳои сохтории Хадамоти иҷроияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳо тақвият додаанд, ки Дар натиҷаи ин ҳамкориҳо, иҷрои санадҳои судӣ дар бораи ба фоидаи давлат рӯёнидани боҷи давлатӣ ва зарару қарзҳои кредитӣ бо назардошти иҷрои санадҳои судии солҳои қабл, ба маблағи 261 миллиону 166 ҳазору 859 сомонӣ таъмин шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 149 миллиону 862 ҳазору 375 сомонӣ ё 135 фоиз зиёд мебошад.

Бобати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеояд, ки дар нимсолаи якуми соли равон ба судҳои иқтисодӣ ҳамагӣ 24 супориши судӣ ворид шуда, аз ин 17-тояш баррасӣ гардида, 7 адад баррасӣ нашуда, барои нимсолаи дуюми соли 2023 боқӣ мондааст.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»