Аз нишастҳои матбуотӣ

Намоишгоҳҳо имконияти хуби муаррифии молҳои ватанианд

№ 09.08.2023

raisРаиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ҳаштуми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 палата дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд дар ташкил намудан ва таъмини иштироки муассисаҳои ватанӣ дар 18 намоишгоҳи байналмилалӣ корбарӣ намуд.

Аз ҷумла, намояндагони ширкату корхонаҳои мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «Продэкспо-2023» (Федератсияи Россия), 15-умин Намоишгоҳи «ELECRAMA-2023» (Ҳиндустон), намоишгоҳи муҳандисӣ ва тандурустӣ (Покистон), Excpo IRAN – 2023 (Эрон) 22 — юмин Намоишгоҳи байналмилалии озуқа ва технологияи хӯрокворӣ «UzFood -2023» (Ӯзбекистон) ва ғайра маҳсулоти ватаниро муаррифӣ карданд.

- Шарикони хориҷӣ дар намоишгоҳҳо ба маҳсулоти нассоҷӣ, хушк­мева, лиму, асал, ангур, обҳои маъданӣ ва маҳсулоти ҳунармандии аз санг коркардшудаи кишварамон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, — иброз дошт Ҷамшед Ҷумъахонзода.

Зикр гардид, ки дар ин давра шумораи намояндагиҳои палата дар намоиши хориҷӣ ба 14 нафар расонида шуд. Ҳоло дар Федератсияи Россия, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Белорус намояндагиҳои палата фаъолият мекунанд.

Бо мақсади васеъ намудани муносибатҳои мутақобилаи судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар 6 моҳи аввали соли равон роҳбарият ва кормандони палатаи марказӣ ва палатаҳои вилоят бо намояндагони корпусҳои дипломатӣ, роҳбарон ва намояндагони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ, намояндагони институтҳои молиявӣ, шарикони рушд, роҳбарони ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони мамолики хориҷӣ 224 вохӯрии корӣ доир намудаанд. Зимни мулоқотҳо масоили густариш додани ҳамкориҳо миёни доираҳои соҳибкорӣ ва роҳҳои рушд додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин, бо мақсади гус­тариш додани ҳамкориҳои байнипалатавӣ, 22 санади ҳамкорӣ бо палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ ба имзо расид.

С. НАҶМИДДИН,

«Садои мардум»