10 -уми августи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нишасти матбуотӣ барпо шуд.
- Баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба иҷрои нақшаи андозҳо ва пуррагардонии буҷет вобаста аст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ ба андозаи 106,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 439,2 млн. сомонӣ, 467,1 млн. сомонӣ ворид шуд. Ин нишондиҳанда аз нақша 27,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт раиси ноҳия Руслан Қодирзода.
Нақшаи буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ 115,6 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 89,4 млн. 415,9 ҳазор сомонӣ ворид гардида, ки дар қиёс ба нақшаи пешбинишуда 12 млн. 63,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
-Бо мақсади фаровон намудани бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби маъмурияти бозорҳо ва соҳибкорон дар ин давра 90 тонна картошка, 110 тонна пиёз ва 100 тонна орд, 30 тонна шакар, 35 тонна равған, 40 тонна биринҷ захира шуда, зимистон ба фурӯш бароварда мешаванд, — иброз намуд раиси ноҳия.
Истироҳати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» бо фарогирии 720 кӯдак ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8, 10, 12, 26, 44, 62 бо фарогирии 960 кӯдак дар чор баст ташкил гардид.
Ин муддат дар ҳудуди ноҳия, аз ҷониби кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия 12 ҳазору 373 ниҳол, аз ҷумла 1998 дарахти сояафкан ва 10 ҳазору 375 дарахти ороишӣ шинонида шуд.
Тиллои ФАРРУХПАЙ,
«Садои мардум»