Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар ноҳия 3928 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд

№ 10.08.2023

DSC_2296Тибқи иттилои муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Абдуҷаббор Сатторӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷрои контингенти умумии даромадҳо аз ҳисоби андозсупорандагони ноҳия ба андозаи 107,3 фоиз таъмин карда шуд. Қисми даромади буҷети ноҳия дар ин давра 114,2 фоиз иҷро гардид. Қайд кард муовини раиси ноҳия зимни нишасти матбуотӣ, ки 9 – уми августи соли 2023 баргузор гардид.

Абдусаттор Ҷабборӣ зикр намуд, ки дар ҳудуди ноҳия 33 адад муассисаҳои тандурустӣ фаъолият намуда, аз онҳо 12 адад аз буҷети ноҳия маблағгузорӣ карда мешаванд. Шумораи умумии кормандон 3707 нафар, аз ҷумла 1088 нафар табиб, 1425 нафар ҳамшира ва бародари тибӣ, мебошад.

Зимни нишасти хабарӣ қайд карда шуд, ки дар шаш моҳи соли 2023 чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, идҳои Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модарон, Наврӯзи байналмилалӣ – 2023, Рӯзи ваҳдати миллӣ бо ташкил намудани намоишҳои театркунонидашуда ва барномаҳои консертӣ баргузор гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 – июли соли ҷорӣ дар ноҳия 3928 ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст.

Корхонаи саноатии ноҳия бо назардошти сектори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 286,9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 39,6 миллион сомонӣ зиёд ё 117,1 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил менамояд.

Музди миёнаи моҳонаи ҳар як корманд дар корхонаҳои саноатӣ 1727 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давраи соли 2022 музди меҳнати кормандон 1495 сомониро ташкил медод, ки дар муқоиса 232 сомонӣ зиёд мебошад, иброз намуд Абдусаттор Ҷабборӣ.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

 «Садои мардум»