Нахустин муассисаи тиббӣ дар Осиёи Марказӣ
Душанбе. (Муҳаммад Зокир, «Садои мардум») Дар муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозӣ, узв ва бофтаҳои инсон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2010 ташкил ёфта буд, то имрӯз зиёда аз 90 нафар муроҷиаткунандагонро аз рӯйи бемориҳои норасоии музмини гурда бомуваффақият ҷарроҳӣ кардаанд. Маркази мазкур дар Осиёи Марказӣ назири худро надорад. Ба ин ҷо на танҳо аз Тоҷикистон, балки берун аз ҷумҳурӣ низ барои муолиҷа муроҷиат менамоянд. Аз ҷумла аз рӯзи аввали фаъолияташ то ин замон дар ин марказ ҳашт нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистонро ҷарроҳӣ кардаанд.
Марказ бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, табибони он дар марказҳои тиббии давлатҳои мутараққӣ таҷрибаи корӣ андӯхтаанд.
Масъулини муассиса ният доранд, ки шуъбаи пайвасткунии ҷигарро низ ташкил намоянд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Конибодом
ДУШАНБЕ. (Хайрулло ШАРИПОВ, «Садои мардум») Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар шаҳри Конибодом миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Дар баргузории чорабиниҳо қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, моҳияти тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷират ва аҳамияти гирифтани полиси суғуртавӣ ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд. Иштирокчиёни чорабинӣ бо саволҳои «чӣ тавр метавон муҳлати манъшавиро муайян намуд?», «саволҳои тестии нави Федератсияи Россия чӣ гуна сурат мегиранд?», «тарзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ба Хадамоти Федералии муҳоҷират» ва ғайра муроҷиат карда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Машварати омӯзгорони Хатлон
БОХТАР. (Давлат Султонов, «Садои мардум») Дар толори маҷлисгоҳи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳия машварати августии маорифчиёни вилояти Хатлон баргузор гардид. Иштирокчиён дар атрофи дастовардҳо, мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф ва роҳҳои ҳалли он сухан ронданд.
Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар ҷамъомад ба омӯзгорони пешқадаму соҳибмалака ифтихорномаҳои раиси вилоят, унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд. Ҳамчунин як гурӯҳ собиқадорони соҳа бо мукофотҳои пулию молӣ қадрдонӣ шуданд.
Бинои нави мактаб ба истифода дода шуд
ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Корҳои сохтмонӣ дар бинои нотамоми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и деҳоти «Деҳқонариқ», ки аз замони шӯравӣ боқӣ монда буд, бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Саудии Рушд аз нав оғоз гардид. Бинокорон дар тӯли 2 солу 8 моҳ бо истифодаи 2 миллиону 524 ҳазор доллари ИМА корҳои мухталифи сохтмониро ба анҷом расонида, бинои мактабро, ки аз 42 синфхона, шаш синфхонаи фаннӣ, ду утоқи лингофонӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона ва майдончаҳои хурди варзишӣ иборат аст, барои истифодабарӣ омода намуданд.
Дар лаҳзаи тантанавии ба истифода додани бино Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Оғози сохтмони корхонаи истеҳсоли семент
ВАҲДАТ. (Муҳаммад Зокир, «Садои мардум») Корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ «Тоҷ-Чайна-2013», воқеъ дар деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат моҳи июли соли 2014 оғоз гардида буд.
Айни ҳол дар ҳамаи қитъаҳои сохтмонӣ корҳо босуръат ва сифати баланд ҷараён дошта, дар он 200 нафар сохтмончиён ҳам аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ду баст фаъолият доранд. Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки дар моҳи сентябр шумораи коргаронро ба 300 нафар расонад.
Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ «Тоҷ-Чайна-2013» тибқи нақша моҳи июни соли 2015 ба истифода дода мешавад. Дар сурати пурра ба фаъолият оғоз намудани он зиёда аз 800 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб мегарданд.
Ба деҳа оби нӯшокӣ омад
Шуғнон. (Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум») Ба работи марказии деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Шуғнон дар доираи Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон ба масофаи панҷ километр хати обгузар кашида шуд. Барои иҷрои ин кор 158 ҳазору 600 доллари ИМА масраф шудааст.
Ҳоло дар ин ҷо аз 20 нуқтаи обгирӣ 200 хонавода истифода мебарад.
Сохтмони мактаб идома дорад
Турсунзода. (Муҳаммад Зокир, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо бахши соҳибкорӣ дар деҳаи Қаратоғ сохтмони як мактаби замонавиро ба нақша гирифтааст. Сохтмони бинои мактаб бо ташаббуси соҳибкорон аз аввали сол оғоз гардида буд. Мактаби мазкур, ки аз панҷ синфхонаи барҳаво ва хонаи муаллимон иборат аст, барои 240 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Соҳибкорон ният доранд, ки сохтмони мактабро то фарорасии соли нави хониши 2014-2015 ба итмом расонанд.
Бозиҳои даври аввали «Ҷоми Тоҷикистон-2014» баргузор шуд
Душанбе. (Муҳаммад Зокир, «Садои мардум») Бозиҳои аввали 1/8 (ҳаштяк финалии) «Ҷоми футболи Тоҷикистон-2014» бо ширкати нуҳ дастаи лигаи олӣ ва панҷ дастаи лигаи якум рӯзи 27 августи соли равон баргузор шуданд. Аз ҳафт бозӣ дар сетоаш соҳибони майдон ва дар як бозӣ меҳмонон ғалаба карданд. Се бозии дигар мусовӣ анҷом ёфт.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 6 бар 1 шикаст дод. «Саройкамар»-и Панҷ ба дарвозаи дастаи меҳмонон — «Ваҳдат»-и Ашт панҷ голи беҷавоб зад. Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ «Далерони Ӯротеппа»-и Истаравшанро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб кард. «Эсхата»-и Хуҷанд бошад, дар меҳмонӣ бар дастаи «Парвоз»-и Б.Ғафуров бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз шуд. Бозии «Ҳосилот»-и Фархор бо тими «Исфара»-и Исфара бо ҳисоби 2 бар 2, бозии байни тимҳои «Энергетика»-и Душанбе бо «Регар- ТАДАЗ» ва «ССКА-Помир»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб бидуни гол мусовӣ ба анҷом расиданд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед: 238-58-91