-Имсол Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро аз рӯи ихтисоси омӯзгорӣ — санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ 33 нафар хатм намуданд. Вобаста ба талаботе, ки боғча ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба устодони соҳаи мусиқӣ доранд, оё ин шумора кам нест? Дар посух ба ин суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки 7-уми августи соли равон доир шуд, аз ҷумла гуфт, ки дар донишкада ду ихтисоси омӯзгори мусиқӣ — барои муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст, аммо нақшаи қабули довталабон дар ин факултетҳо чандон зиёд нест. Дар бахши буҷавӣ ҳамагӣ 10 ва дар бахши шартнома 15 нафар пешбинӣ шудааст. Онҳое, ки донишкадаро бо ихтисоси омӯзгори мусиқии муассисаҳои томактабӣ хатм мекунанд, дар боғчаҳо ба кор таъмин мешаванд, аммо дар мавриди таълими фанни мусиқӣ ва таъмини омӯзгорони соҳа дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мушкилӣ хеле зиёд аст.
-Имрӯз тарбияи мусиқӣ дар мактаб ҳафтае бо як соати дарсӣ маҳдуд шудааст ва баъзан устодони ғайритахассус дарс мегӯянд. Хушбахтона, дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кружокҳои ҳаваскорон амал менамоянд, ки роҳбарии онҳоро мутахассисони соҳа ба зимма доранд. Вале дар баъзе муассисаҳо ин мушкилӣ ҳалли пурраи худро наёфтааст. Ба ин сабаб, омӯзгорон ба соҳа чандон шавқ надоранд,- афзуд ректори донишкада.
Имрӯз дар аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарси мусиқиро ба хонандагон муаллимони фанни забони тоҷикӣ ё таърих, ки аз мусиқӣ тамоман дуранд, дарс мегӯянд. Дар баъзе мактабҳо синфхонаҳои алоҳида барои гузарондани дарси мусиқӣ мавҷуд нест. Асбобҳои мусиқӣ низ намерасанд. Ҳол он ки тибқи барнома барои таълими дарси мусиқӣ бояд тамоми созҳои мусиқии тоҷикиву аврупоӣ дар мактаб мавҷуд бошанд. Дар баъзе мактабҳо ба ҷуз як най ва ё таблак асбоби мусиқии дигаре мавҷуд нест.
Муҳриддин Низомӣ, ҳамчунин зикр намуд, ки соли таҳсили 2022-2023 бори нахуст донишкадаро донишҷӯён бо ихтисосҳои драматургия, санъатшиносӣ менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг хатм намуданд.
29 донишҷӯе, ки тариқи Квотаи президентӣ донишкадаро хатм намуданд, барои кор ба маҳалли зисташон фиристода шуданд.
Иттилоъ гирифтем, ки дар ин муддат бо 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»