Аз нишастҳои матбуотӣ

ДТИТ ба феҳрасти донишгоҳу донишкадаҳои тиббии байналмилалӣ ворид шуд

№ 12.08.2023

РЕКТОРРектори Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон Зарина Ибодзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 11-уми август баргузор гардид, аз зикр намуд, ки донишкада 21-уми марти соли 2023 ба феҳрасти донишгоҳҳо ва донишкадаҳои тиббии байналмилалӣ ворид шуд.

Дар робита ба ин, ба саволи хабарнигори рӯзнома бобати баҳри дарёфти мақоми байналмилалиро соҳиб шудани донишкада  роҳбарияти он чӣ иқдому  тадбирҳоро амалӣ карданист, ректор изҳор дошт, ки ба феҳристи донишгоҳу донишкадаҳои байналмиллалӣ дохил шудани донишкадаро мо фоли нек меҳисобем. Дарёфти мақоми байналмилалӣ аз мо – аҳли донишкада қабл аз ҳама азми устувор, анҷоми кори зиёд, андешидани чораҳои боз ҳам бештарро тақозо мекунад. Қабл аз ҳама, бояд мо теъдоди кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидоштаро зиёд намоем. Ҳоло аз 170 нафар ҳайати омӯзгори донишкада 51 нафар дараҷа  ва унвони илмӣ доранд. Ҳамчунин як қатор масъалаҳои муҳими дигар ҳастанд, ки ҳалли муваффақонаи онҳо моро ба мақсад мерасонад.

Дар ҷараёни нишаст маълум шуд, ки теъдоди донишҷӯёни донишкада 1748 нафар буда, 34 нафарашон донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд. Аз ин ҷумла 21 нафарашон шаҳрвандони Ҳиндустон мебошанд.

Донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирокчии фаъоли озмунҳои дохилидонишкадавӣ, байнидонишгоҳӣ ва минтақавию байналмилалӣ буда, дар аксари онҳо сазовори ҷойҳои якум, дуюму сеюм ва соҳиби диплому ҷоизаҳо гардидаанд, ки аз дуруст  роҳандозӣ шудани раванди таълим шаҳодат медиҳад.

- Ба муносибати рӯзи кормандони соҳа, ки ба 18-уми август рост меояд, дар донишкада маҳфили Синохонӣ ва чорабиниҳои дигар мадди назар буда, баъди аз таътил  баргаштани донишҷӯён чунин маҳфилҳо дар миёни донишҷӯёни солҳои таҳсилашон гуногун гузаронида мешаванд, — изҳор дошт ректор Зарина Ибодзода.

Абдулмаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»