Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишкада дар тӯли 10 соли фаъолияти худ ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфт

№ 09.08.2023

rector4Нишасти матбуотие, ки санаи 8 — уми августи соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардид, ректори он  Ҷамшед Ғанизода ба намояндагони Васоити ахбори омма роҷеъ ба дастоварду комёбиҳои дар тӯли нимсола муваффақ гаштаашон ба таври фишурда иттилоъ дод. Мавсуф, зимни андешаронии хеш аз ҷумла афзуд:

- Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар давоми фаъолияти самарабори худ ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, имрӯз дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи сазоворро ишғол менамояд. Донишкада соли 2013 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуда, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки мутахассисонро дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн тайёр мекунад. Боиси тазаккур аст, ки донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкада ҳамасола дар олимпиадаҳою озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Раёсати Донишкада дар давоми соли 2023 барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани даври донишкадавии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,  тадбирҳои муассир андешид.

Сипас, дар рафти нишасти матбуотӣ Ҷамшед Ғанизода оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти олии касбии номбурда, тайёр намудани мутахассисони  соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ, маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, фонди мавҷудаи китобхонаи Донишкада, таҳсил аз рӯйи ихтисосҳо барои тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, самти таълим ва  вусъати корҳои эҷодию илмӣ дар Донишкада ва бисёр масоили умдаи ин муассисаи олии мамлакат муфассал мулоҳизаронӣ намуд.

Рӯзноманигорон дар қисмати охири нишасти матбуотӣ  дар бобати асарҳои офаридаи донишҷӯ — мусаввирон, робитаю алоқа ва ҳамкории мутақобилаи Донишкада бо шабакаҳои телевизонӣ, намоишҳои расмии пайваста баргузормегашта, таҷрибаомӯзии таълимӣ (пленэрӣ), педагогӣ, истеҳсолӣ ва такмили ихтисос, Маркази бачагонаи рассомӣ ва курсҳои тайёрӣ, вазъи имсолаи қабули довталабон ва дигар масъалаҳои муҳими мавҷуда пурсон шуда, ба суолҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ш.ҲУСЕЙНЗОДА,

“Садои мардум”