-Шумораи донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба санаи 1-уми июли соли равон 450 нафарро ташкил дод, — гуфт директори иҷроияи филиал Рустам Ғаниев дар нишасти матбуотӣ, ки 11-уми августи соли равон доир шуд.
Аз ин теъдод 301 донишҷӯ (67фоиз) дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 149 нафар (33 фоиз) дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар гурӯҳҳои буҷавӣ асосан донишҷӯёни равияҳои химия, физика ва механикаи озод, математикаи амалӣ ва информатика, ва геология таҳсил менамоянд. Сабаби таваҷҷуҳ ба равияҳои зикршуда бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 аст.
Соли равон, тибқи низомнома дар бораи тартиби фиристодани донишҷӯён ба таҳсилоти фарогир, ки дар ҷаласаи Шӯрои олимони ДДМ ба номи М.В.Ломоносов аз 17 июни соли 2013 тасдиқ шудааст, донишҷӯёни курсҳои 4-уми равияи математикаи амалӣ ва информатика -18 нафар, равияи химия, физика ва механикаи мавод — 8 нафар ва равияи геология — 8 нафар ба шаҳри Москва фиристода шуданд.
Аттестатсияи ҷамъбастии давлатии хатмкунандагонро соли 2023 дар шакли маҷозӣ ба истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ 95 нафар донишҷӯ гузашт.
-Аз 95 хатмкунанда 51 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, 28 нафар таҳсили худро дар магистратура идома хоҳанд дод,- изҳор кард Р. Ғаниев.
Н.НИЗОМӢ,
«Садои мардум»