Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода 5 – августи соли 2023 дар ҳузури рӯзноманигорон аз бурду бохти ноҳия дар шаш моҳи сипаригардида ибрози назар намуд. Аз ҷумла иттилоъ дод, ки нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4 млн 523,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 14 миллиону 975,7 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 100 фоиз маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид карда шудааст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 18 млн. 306,7 сомонӣ ё 92,6 фоиз иҷро гардид. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар ноҳия 113 субъект ба қайд гирифта шуд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – юм 42 субъект зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки дар ноҳияи Тоҷикобод 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешаванд, ки маблағи умумиашон 587 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021-2025 бо қарори Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 декабри соли 2020,№11 тасдиқ гардидааст. Барнома 196 лоиҳаро дар бар гирифта, арзиши умумии он 138,2 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Маҷмӯи умумии маҳсулоти дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ 48 млн. 236,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млн. 102,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар ин давра ба 44 млн. 562,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд.
Дар ноҳия дар маҷмӯъ 1633 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз ин 476 гектараш ба сохторҳои кишоварзӣ ва 1156 гектараш ба сохтори аҳолӣ рост меояд. Дар доираи супоришҳои Пешвои миллат солҳои 2022-2023 барои рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус зиёд намудани истеҳсоли картошка аҳамияти махсус равона карда мешавад. Соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2003,9 га картошка кишт карда шудааст.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»