– Дар доираи як лоиҳа ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 39 автобуси мусофиркашонӣ оварда мешавад, — гуфт раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 4 августи соли равон баргузор гардид.
Номбурда қайд кард, ки нахустин қатори автобусҳо иборат аз 15 адад 5 августи соли равон оварда мешаванд.
Дар назар аст, ки ба фаъолият оғоз кардани ин автобусҳои ҷамъиятӣ аз 1 сентябри соли равон шурӯъ гардад ва давоми 10 рӯзи аввал хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон ройгон ба роҳ монда мешавад. Барои маъюбону эҳтиёҷмандон низ имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.
Хизматрасонӣ дар ин нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шуда, барои фаъолияти муназзам ба муштариён 40 ҳазор кортҳои пластикӣ омода шудааст.
– Феълан дар ҷойи нигаҳдории автобусҳо таъмир рафта истодааст ва баъди ба охир расидани корҳои таъмирӣ дар се марҳила 39 нақлиёти ҷамъиятӣ оварда мешавад, — гуфт Файзулло Баротзода.
Воридсозии автобусҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби Бонки аврупоии «Таҷдид ва рушд» амалӣ гардида, маблағи умумии лоиҳаи мазкур 9,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»