Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли 2023 дар ноҳияи Кӯшониён ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба зиёда аз 1 миллиарду 107 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 60 миллиону 780 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 5,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин бора раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода зимни нишасти матбуотӣ 4 августи соли равон иттилоъ дод.
Зикр карда шуд, ки аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда — 899,3 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 124,9 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат ва 83,3 миллион сомонӣ ба соҳаи сохтмон рост меояд.
Айни замон дар ноҳия 40 корхонаи истеҳсолии саноатӣ ва 2 корхонаҳои саноатии хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 60 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад.
То санаи 1 июли соли равон аз ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ба хориҷи кишвар 3988 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст, ки 88,6 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.
-Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия бунёду азнавсозии 252 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 53 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, гуфт Икромиддин Вализода.
Дар ноҳия давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон 1555 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки 54,8 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»