Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар мурофиаҳои сайёри судӣ 12516 парванда баррасӣ гардид

№ 15.08.2023

1040993063_308_103_1060_667_1920x0_80_0_0_009d6261dc2d366773a1feec7a04a829-Дар нимсолаи якуми соли 2023  аз ҷониби Суди Олӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 69692 парванда ва дархосту пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, — изҳор кард раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён 14-уми август зимни нишасти матбуотӣ. — Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 6163 ададро парвандаҳои гражданӣ, 21334 ададро парвандаҳои оилавӣ, 5543 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 25442 ададро парвандаҳои маъмурӣ  ташкил намуданд.

Барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 419 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, ба маблағи 2 миллиону 114 ҳазору 332 сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст. Барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бошад, 9761 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид. Дар натиҷа бо 8826 парванда нисбат ба 8835 нафар қарор қабул гардида, ба 3178 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 5657 шахс ҷарима ба маблағи умумии 1 миллиону 155 ҳазору 204 сомонӣ таъин карда шуд.

Бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо ҳар як ҳолатро мавриди таҳлил қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳо  дар маҷмӯъ 15405 таъиноти хусусӣ бароварда, 415 ҷамъбасти амалияи судӣ гузарониданд ва ба мақомоти дахлдор 742 пешниҳод ирсол намуданд.

Баҳри ташвиқу тарғиби қонунҳо ва пешгирии қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 12516 парвандаро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карданд.

-Дар нимсолаи якум 203 қарори ғайриқонунӣ қабулгардида бекор ва 2 ҳукми сафедкунанда содир гардид,- зикр намуд Ш.Шоҳиён.

Н.НИЗОМӢ,

«Садои мардум»