Аз нишастҳои матбуотӣ

68 ҳолати вайрон кардани талаботи қонун

№ 16.08.2023

1030494970_28_0_996_726_1920x0_80_0_0_45064388443e6f1fd7a76930d8472eab15- уми августи соли 2023 дар нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Сулаймон Султонзода иброз намуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ воҳидҳои ҳуқуқии агентӣ 1329 ҷинояти корупсионӣ, иқтисодии хусусияти корупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро нисбати 724 нафар ошкор намудаанд, ки 516 адади он ба гурӯҳи ҷинояти вазнин шомиланд. Аз шумораи умумии ҷиноятҳо 210 ададро азонихудкунию исрофкорӣ, 107 ададро тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда 48 адад гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, 57 ададро суйистифода ва баромадан аз ваколати мансабӣ, 9 адад қочоқ ва 62 ҷиноят дар соҳаи андоз ва фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ ташкил медиҳанд.

Инчунин дар рафти нишаст ба хабаргиногрон гуфт, ки тибқи омори расмии агентӣ содиршавии ҷиноятҳои хусусияти корупсионидошта ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  123 ҷиноят, соҳаҳои маориф ва илм 116, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 70, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 18,  корхонаҳои идораи замин ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул 107, шабакаҳои тақсимоту фурӯши барқ 26, бонкҳои давлатию тиҷоратӣ 142 ва дигар идовару корхонаҳои давлатӣ 246 ҷиноят рост меоянд. Муфаттишони агентӣ дар ин давра 569 парвандаи ҷиноятиро бо назардошти бақия ба пешбурд қабул карда, тафтиши пешакии 391 адади онро нисбати 480 нафар ба итмом расониданд. Вобаста ба рӯёнидани маблағҳои зарар ба мақомоти судӣ 34 аризаи даъвогӣ ба маблағи 6, 3 миллион сомонӣ пешниҳод шудааст, ки то  инҷониб аз тарафи судҳо 8 ариза ба маблағи 923, 4 ҳазор сомонӣ қонеъ гардида, боқимонда мавриди баррасӣ қарор доранд.   Ҳамзамон 44 ҳолати фаъолияти якҷояи хешовандон дар мансаби давлатӣ ва 68 ҳолати дигари вайрон кардани талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, аз қабили мавҷудияти доғи судӣ, надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдори ҳатмӣ ошкор гардида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта бо ирсоли санадҳои эътиноӣ чораҷуӣ карда шудааст.  Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба агентӣ 1812 муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки бо натиҷаи баррасии 548 адади он талаботи арзкунандагон қонеъ ва бо 1136 муроҷиат қарорҳои дахлдори қонунӣ қабул карда шуда, 128 муроҷиат бо сабаби бе ном буданашон мавриди баррасӣ қарор дода нашудаанд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, 

«Садои мардум»