Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсол зиёду содирот кам шуд

№ 11.08.2023

Курбонзода А- Дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмӯъ бо назардошти дигар истеҳсолкунандагони мустақил 10 млрд. 653, 3 млн. КВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 341,2 млн. кВт соат зиёд гардида, суръати афзоиш 103,3 фоиз таъмин шуд, — гуфт рӯзи 10-уми август муовини якуми ҶСК «Барқи тоҷик»  Абдулло Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда илова намуд, ки истеҳсоли неруи барқ аз ҷумла дар неругоҳҳои ҶСК “Барқи Тоҷик” – 7 млрд. 868,6 млн. кВт. соат, дар НБО-и “Сангтӯда-1” – 1 млрд. 385,5 млн. кВт. соат, дар НБО-и “Сангтӯда-2” – 435,5 млн. кВт. соат ва дар НБО-и “Роғун” – 963,7 млн. кВт. соатро ташкил дод.

Инчунин, гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК “Барқи Тоҷик” дар умум 38,8 млн. кВт. соат ба қайд гирифта шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ, инчунин, масъалаи содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар баррасӣ гардид. Масъулин иттилоъ доданд, ки ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 971,2 млн. кВт. соатро ташкил карда, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 85,3 млн. кВт. соат кам шудааст.

Зикр гардид, ки харидорони асосии барқ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар як шабонарӯз 9,5 млн ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 6 — 6,5 млн квт/соат барқ содирот мешавад.

Гуфта шуд, ки дар ин давра ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 682,0 млн. кВт. соат ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 288,9 млн. кВт.соат содирот шудааст, вале ин нишондод дар фасли зимистон ба маротиб коҳиш меёбад.

Дар ин росто, маълум гардид, ки зарфи шашмоҳи соли 2023 ҶСК “Барқи Тоҷик” дар дохили кишвар 9,5 млрд. кВт. соат ба маблағи 1 млрд. 446,4 млн. сомонӣ неруи барқ ба фурӯш баровардааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

“Садои мардум”