Шунида будам, ки дар ноҳияи Шаҳритуз духтараке бо номи Бибисоро истеъдоди фавқулодаи худододу донишу ҳунари нисбати синну соли хеш хеле баркамол дорад.
Падараш Халилуллоҳ раҳораҳ ба мо аз рӯзгори ибратомӯзи фарзандонаш Бибисоро, Моҳитобон, Шоҳина, Муҳаммадикром бо ифтихор ҳарф мезад. Мегуфт, ки аз чунин фарзандони солеҳу соҳибандеша ва соҳибистеъдод, ки доди Худои меҳрубонанд, шукрона мекунад. Мекӯшад, ки тамоми имконияту дороии хешро барои таълиму тарбияи шоистаи онҳо сарф намояд.
Ҳамчунин баҳри тақвияти суханони хеш ба мо шеърҳои бо меҳр эҷоднамудаи Бибисороро пешкаш намуд. Бо вуҷуди он ки онҳо шогирдона эҷод шуда буданд, ман дар онҳо падидаи истеъдоди нодирро пай бурдам.
Дар хонаи онҳо бо намунаи эҷоди Бибисоро, ки ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил карданаш дар матбуоти даврӣ дарҷ гардида буданд, ошно шудам. Аз ҷумла як шеъри ӯ ки ба Шаҳритузи бостонӣ бахшида шудааст, дар маҷаллаи илмию оммавии маърифатии «Мактаб»- нашрияи Раёсати маорифи вилояти Хатлон чоп шудааст. Вазифаи пурмасъулияти сармуҳарририи ин маҷалларо шоири соҳибистеъдод Озар (Миралӣ Салимов) ба уҳда дорад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар гуна шеъри хому хатала ва ношоиста наметавонад дар саҳифаҳои ин маҷалла рӯйи чопро бинад.
Ҳамчунин дар саҳифаҳои ин маҷалла ва дигар матбуоти даврӣ намунаҳои эҷоди Бибисоро, аз ҷумла мушкилтарин маҳсули эҷоди ӯ- муаммоҳои омоданамудааш чоп шудаанд.
Вақте ки бо фарзандони Халилуллоҳ суҳбат кардам ба хубӣ эҳсос намудам, ки воқеан ҳам онҳо тарбиядидаанд. Аз муҳити хонадон ва мактаб аст, ки таълиму дониши хуберо соҳиб гардидаанд. Аслан ба ин кор муҳити хонадон, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар он дар сатҳи хеле хуб амалӣ мегардад, сабаб шудааст.
Ҳоҷат ба исбот ҳам нест, ки дар ҷойи хушку холӣ ва замини шӯру бе об ҳеҷ гоҳ дарахти сабз намерӯяд. Барои соҳиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ шудан ва гирифтани дониши комил аҳли хонадону хешовандони наздики онҳо баробари устодони мактаб ҳиссагузоранд. Чунончӣ, модари хонадон фарзанди омӯзгори соҳибмаърифате буда, худ низ дониши шоиста дорад. Гузаштагони падари хонадон бошанд, аз ҷумла як шохаи донишмандони асри гузаштаи хатлонзаминанд. Ба роҳ мондани таълиму тарбияи шоиста дар мактаб ва умуман ташкили хуби кори донишандӯзӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз низ ба падид омадани чунин истеъдодҳои нодир сабаб гардидааст.
Ба эътирофи худи Бибисоро ӯ донишҳои илми дақиқи имрӯза ва санъату маҳорати кушоиши муаммоҳоро аз амакаш Ҳабибулло омӯхтааст. Ҳамчунин зимни суҳбат пайхас намудам, ки Бибисоро ва додараш Муҳаммадикром-хонандаи синфи 5-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шаҳритуз аз дониши комили исломӣ, бахусус Қуръони азимушшаън низ бархӯрдоранд. Қироати хеле фораму гуворои оятҳои Қуръони Карим аз ҷониби Муҳаммадикром Исмоилов маро хеле ба ҳайрат гузошт.
Онҳо инчунин аз забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла арабию англисӣ низ бархӯрдоранд.
Бибисоро имрӯз донишҷӯйи аълохони бахши сеюми факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист. Моҳитобон бошад, дар синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- и ноҳияи Шаҳритуз, Муҳаммадикром дар синфи 7-уми ҳамин дабистон, Шоҳина- духтари дигари хонадон дар синфи 6-уми таълимгоҳи №4 хубу аъло мехонанд. Мехоҳанд фарзандони содиқу хизматгузори Ватан бошанд.
Навиштаҷоти мо нопурра менамуд, агар мо боз аз як паҳлуи дигари рӯзгори ин хонадон ба хонандаи азиз маълумот намедодем. Бибисоро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми сафари кориаш ба мавзеи таърихии Тоҷикистон -«Тахти сангин» бо сухандонию ҳарфҳои ширини кӯдаконаи хеш (он ҳангом ӯ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, ноҳияи Шаҳритуз таҳсил мекард) ба ҳайрат оварда буд. Аз суҳбату суханронӣ ва дониши фароху комили ӯ нафарони зиёде баҳрабардорӣ карда, таҳсину офаринаш хондаанд.
Тибқи эътирофи падар хонаи чорҳуҷрае, ки аҳли оилааш имрӯз дар он зиндагӣ мекунанд, барои дониши фаровони айёми мактабхонӣ ва иштироки фаъолонаи Бибисоро дар маъракаҳои зиёди маърифатии ҷамъиятӣ бо иқдоми Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси собиқи ноҳияи Шаҳритуз Холмурод Раҳмонов (имрӯза раиси ноҳияи Қумсангир) бунёд гардида, тақдими онҳо шудааст. Яъне, бо вуҷуди ҷавонӣ, аллакай аҳли хонадон самараи неки дониши фарзандро дар рӯзгори хеш эҳсос мекунанд.
Ҳангоми эҷоди ин мавод мисраъҳои зерин беихтиёр ба зеҳнам бархӯрданд:
Зиндагонӣ худ муаммо аст,
Сирру асрори бас ниҳон дорад.
Чун Худодода бувад агар инсон,
Роҳи ифшояш худ аён дорад.
Давлати Султон, «Садои мардум»