Аз нишастҳои матбуотӣ

Асноду далелҳои боэътимод ироа гардид…

№ 12.08.2023

uBmOFCR3pDgGhe7pyn5K11 августи соли 2023 нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти садорати Ҷамшед Нурмаҳмадзода сурат гирифт.

Ҷ.Нурмаҳмадзода зимни нишаст ба тариқи фишурда аз хусуси омилҳои асосии рушди суръати соҳаи саноат, ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷу коркард ва тақсимоти неруи барқ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворию кишоварзӣ, гардиши бор, савдои чакана ва яклухт, таносуби фурӯши молҳои озуқаворӣ, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ва дигар омилҳои асосии соҳа иттилоъ дод.

Номбурда дар рафти нишасти матбуотӣ кӯшиш ба харҷ дод, ки танҳо аз масоили муҳими соҳа ба намояндагони васоити ахбори омма асноду арқом пешниҳод сохта, ба суолу посухҳои журналистон вақти бештаре ҷудо намояд. Ин буд, ки рӯзноманигорон аз бобати лоиҳаи навкунии низоми миллии омор дар кишвар, воридоти маҳсулоти ғалладонагӣ, маводи сӯхт, доруворӣ, содироти меваҷот ва маҳсулоти кишоварзӣ,  истеҳсоли гандум дар кишвар,  нарху навои доруворие, ки аз ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Украина ворид мешаванд,  теъдоди сайёҳони дохилӣ ва сайёҳоне, ки аз хориҷи ҷумҳурӣ меоянд, теъдоди мушаххаси аҳолии имрӯзаи мамлакат ва афзоиши табиии он, шумораи шаҳрвандони гурезае, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тӯли солҳо ба малакати мо омадаанд, теъдоди умумии бекорон, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, коэффитсиенти умумии таваллуд ва фавт аз рӯи ҳисоби пешакӣ, ҳолати кунунии никоҳу талоқ ва дигар масоили марбути соҳа суолҳо пешниҳод намуданд.

Зимни нишаст маълум гардид, ки  дар моҳҳои январ  — июни соли 2023 ба ҷумҳурии мо 48 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 36117,4 ҳазор доллар  ё 15616,3 тонна ёрии башардӯстона расонидаанд ва таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 28,8, ИМА 24,1, Белгия 12,9, Федератсияи Россия 6,5, ҷумҳурии Қазоқистон 4,8,  Туркия 3,5, Ҳиндустон 3,1, Дания 2,5, Олмон 1,9, ҷумҳурии Корея 1,8, Фаронса 1,7   ва ҷумҳурии Ӯзбекистон 1,5 фоиз рост меояд…

Хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ ба тамоми суолҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»