Аз нишастҳои матбуотӣ

Дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ назаррасанд

№ 10.08.2023

muminzodaНуҳуми августи соли ҷорӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон 4 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба имзо расида шуда, дар маҷмӯъ 16 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла  Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри — Ланка, Урдун, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Озорбойҷон, Эрон ва ғайра ба имзо расонида шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карданд, бо   назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар 627 ҳазору 931 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 181 ҳазору 867 нафар, ё ки 40 % зиёд аст. Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 487 ҳазору 403 нафарашон ба ҳайси сайёҳ ба кишвари мо омадаанд.

Мавсуф ҳамзамон иброз намуд, ки аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ 297 субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 191 меҳмонхона, 26 ҳостел ва мотел, 53 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 кемпинг, 5 базаҳои сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуда, шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонӣ 4046 нафарро ташкил менамояд. Айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла, Лоиҳаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 10 миллион доллари ИМА ҷиҳати таҳкими омодасозӣ ва тарҳи лоиҳаҳо, омода намудани суратҳисоби ёрирасони сайёҳӣ ва нақшаи рушди сайёҳӣ, гузаронидани пурсишҳо, муайян намудани руйхати сармоягузориҳо тариқи хизматрасониҳои машваратӣ амалӣ мегардад. Дар баробари ин, Лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот, ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо арзиши 30 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шуда, аз он 15, 7 миллион доллари ИМА барои рушди соҳаи сайёҳӣ равона гардидааст.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»