31-уми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро ифтитоҳ намуданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40 шароиту имконияти муосири ба таълиму тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак мавҷуд аст.
Таълим дар 11 гурӯҳ дар муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Иншоот аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, толор барои маҳфили кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрока ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд.
Ҳуҷраҳои алоҳидаи хобу истироҳати кӯдакон бо таҷҳизоти муосир, аз қабили рахти хоб ва дигар ашёи фароғатӣ таъмин аст.
Бинои нави муассисаи томактабӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат аз ҷониби фармоишгар ва пудратчии лоиҳа — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “АБР-текстил” бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.
Дар саҳни бинои муассиса айвончаҳо барои ба истироҳату фароғат ва дигар машғулиятҳо фаро гирифтани кӯдакон майдончаҳои бозии бо таҷҳизоти нави дилхушӣ муҷаҳҳаз ташкил карда шудааст.
Бинои навбунёд ба системаи гармидиҳӣ пайваст буда, гармии синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва таълимию истироҳатӣ дар фасли зимистон тавассути он таъмин карда мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба шароити муҳайёгардида дар бинои нав бо кормандони соҳаи маориф суҳбат карда, онҳоро барои таълиму тарбияи дурусти насли наврас, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расонидани онҳо ва ба омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.