- Айни замон 12 меҳмонхонаи давлатию ғайридавлатӣ, аз қабили меҳмонхонаи «Авесто», «Тоҷикистон», «Hyatt Regency», «Сирена», «Азия Гранд», «Вефа Центр» ва дигарон барои қабули меҳмонони ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 11-12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, пурра омода мебошанд. Инчунин комиссияи тадорукот меҳмонхонаи «Шератон»-ро низ барои эҳтиёт ба назар гирифтааст,- гуфт Ҷӯрахон Абдураҳимов, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии беҳдоштию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар».
Бино ба иттилои манбаъ, хадамот инчунин мавзеъҳои баргузории ин ҳамоишро таҳти назорат гирифта, тоза нигоҳ доштани атрофи меҳмонхонаю маҷмааҳо, бо ашёҳои зарурӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои хоб, аз ҷиҳати беҳдошт ҷавобгӯ будани ҷойҳои хобро таъмин менамояд. Аз ҷумла хадамот ҳолати беҳдошт ва омодабошии Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ва Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бӯстонсарои ҳукуматӣ ва дигар маҷмааҳоро мавриди омӯзиш қарор додааст.
-Дар ҳамаи нуқтаҳои обтаъминкунии меҳмонхонаҳо ва ҷойҳои баргузории ин маъракаи сиёсӣ таҳлил ва озмоиши бактериологӣ гузаронида шуда, ҳамаи онҳо барои истифода омода мебошанд. Ҳамаи иншоот то оғози ҷаласа ва дар рӯзҳои баргузорӣ доимо таҳти назорати хадамот қарор хоҳанд гирифт,-афзуд Ҷ. Абдураҳимов.
Бар замми ин, мутахассисони хадамот ҳамаи нуқтаҳо ва марказҳои фурӯши хӯроки умумии Душанберо аз санҷиши санитарӣ гузаронида, барои озмоиши бактериологӣ аз ин нуқтаҳо намунаҳо гирифтаанд. Ин нуқтаҳо ҳам зери назорати қатъии мутахассисони хадамот қарор доранд.
Рӯзҳои баргузории ҷаласа дар ҳамаи иншооти вобаста ба ҷаласаи СҲШ шахсони мутасаддии хадамот вобаста мешаванд.
-Ҳамаи иншоот аз аввали сол таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Ҳангоми ошкор шудани ягон камбудии ҷиддӣ мо ҳатто фаъолияти ин иншоотро қатъ мекунем,- хабар дод сарчашма.
Дар ноҳияи Варзоб бӯстонсарои «Пуғуз» низ аз назорати беҳдоштию эпидемиологӣ гузаштааст. Тибқи протокол оби чашмаи «Сиёма» ҳам таҳти назорати санитарӣ қарор дорад.
Инчунин чойхонаи тозабунёди «Тахти Наврӯз», ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият кушода мешавад, аз назари мутахассисони ин хадамот гузаронида шудааст.