Гулбоғи дӯстӣ

№109 (4692) 06.09.2023

jomi ва навои 1Ҳар боғи ин шаҳри куҳан ном ва таърихи худро дорад. Боғи Алишер Навоӣ аз шумули боғҳои беназири шаҳри Душанбест, ки дар заминаи сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари кӯчаи Камолиддин Беҳзод бунёд гардидааст.

Он аз рӯи мавзеъ, ҷой, сохт ва тарҳу намуд миёни дигар боғҳои кишвар беназир дониста мешавад, зеро боғ бо тарҳу намо ва санъати хоси муосир бунёд ёфта, дар ороиши ҳар ваҷаб замини он изи дастони созандагонаш равшан мегардад. Маълум, ки дар бунёди он мутахассисони хубу кордон, тарроҳони касбию ҳунарманд, ороишгарони касбияташон баланд ҷалб шудаанд. Ин маъниро аз амалҳои анҷомдодаи тарроҳон бармало мушоҳида кардан мумкин аст.

Ҳамарӯза ба ин ҷо ҳазорҳо нафар хурду бузург меоянд, истироҳату фароғат менамоянд ва дар як вақт аз зебоиҳои ин боғи дилкушо, баҳра мебардоранд.

Аснои вуруд кас дар баробари дидани ин ҳама манзараҳои зебо ва сабзу хуррам, боз дӯстӣ ва муҳаббату садоқатро мебинад, ки аз бунёди дӯс­тии ин ду миллати ҳамкеш гувоҳӣ медиҳад: садоқати шогирд ба устод ва устод ба шогирд. Ин нуктаро мо дар ин боғ ҳам баръало мушоҳида кардем. Муҷассамаи Мавлоно Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ дар маркази боғ қомат афрохтаанд. Муҷассама ба таври рамзӣ сохта шудааст. Дар чеҳраи устоду шогирд меҳру муҳаббат ҳувайдост. Гӯё ҳар ду суҳбат доранд, аз боби шеъру шоирӣ ва аз рафоқату дӯстӣ…

Дидани ин манзара, касро ба як олами рангину пурсафо мебарад ва рӯҳу равони дигар мебахшад, чӣ сон ки худи Мавлоно Ҷомӣ гуфта:

Ба гул мурғи чаман зад достоне,

Ки хуш боғеву неку боғбоне…

Маҳз ҳамин лаҳзаро ба тасвир гиифтани пайкарсоз бесабаб нест, зеро суҳбату мулоқот ва нишастану гуфтугӯ кардан барои ин ду соҳибдил, ки рӯзгори саршор аз дӯстӣ, муҳаббат ва бародарӣ доштанд, як амали муқаррарӣ ва ҳамарӯза буд, ки эшон ҳароина, анҷомаш медоданд.

Воқеан, дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ бо Алишер Навоӣ саҳифаи бисёр муҷаллои таърихи халқҳои тоҷику ӯзбек дониста мешавад, дӯстии беғара­зонаю орифонаи онҳо тавонист ин ду халқро ба якдигар наздик гардонад ва барои дӯстию ҳам­раъйии ояндагон низ чун намунаи олии рафоқату ҳамдигарфаҳмӣ хизмат намояд.

Дар гулгашту роҳравҳои боғ муҷассамаҳое ба чашм мерасанд, ки онҳо ин маконро хеле зебу оро бахшидаанд. Дар ин пайкарачаҳои хурд низ рамзу маъниҳои амиқ нуҳуфтааст.

Бояд ҳар боғ навгоние дошта бошад. Мо ин навгониро дар сурати муҷассамаи китоб мебинем. Дар ин ҷо мо китобро ҳам дар дасти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳам дар дасти модаре мебинем, ки ба фарзандаш забони модариро меомӯзонад. Яъне, ин ҷо, китоб як саҳифаи тозаи ин боғ аст, зеро ин дурри бебаҳо, барои ҳар ду чеҳраи тобноки илму фарҳанг, бузургтарин неъмат ва беҳтарин сарват дониста мешавад.

Ин аст, ки боғ хусусияти фарҳангию фароғатӣ дорад, ки кас аснои тамошо ба худ як оромии рӯҳиро меёбад ва фароғат мегирад.

Бихандон аз лаби он ғунча боғам,

В — аз ин гул атрпарвар кун димоғам,

- гуфтани Мавлоно Ҷомӣ низ ба ҳамин маънист.

Воқеан, боғ хеле зебою назаррабост. Ҳар растаю гулгаштҳояш ороиш ёфта, аз ҳар ду ҷониб бо гулҳои тару тоза пӯшонида шудаанд. Ҳангоми вуруд ба он моро боз дарахтони сарву санавбарҳои қоматбаландаш, ба худ мекашанд, ки чун арӯсони чодарбасар, ҳар омадаю рафтаро пешвоз мегиранд ва ба сояи худ ҷой медиҳанд. Дидани ин ҳама зебоиҳо, хоса, дарахтони ҳамешасабзу нахлу ниҳолҳои рангорангаш, дилро лабрези шодию фараҳ мегардонад.

Дар он ҷо боз нишастгоҳҳое бо чандин рангу намуд арзи вуҷуд доранд, ки касро ба сӯи худ мехонанд.  Аз ҳама аҷиб, дар гӯшаи боғ барои наврасону кӯдакон ҷойи махсуси бозӣ бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зебою ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошад. Барои дӯстдорони варзиш ҳам гӯшае ҳаст, ки ҳар нафар, агар субҳгоҳон хоҳиши ба боғ омаданро дошта бошад, баҳузур метавонад аз ин имкон истифода кунад ва ба варзиш машғул шавад.

Шомгоҳон боғ ба худ фазои идонаро мегирад. Дар боғ мо аз ҳама бештар ҷавононро мебинем. Онҳо ба ин ҷо меоянд, то аз зебоиҳои ин боғи гулбасар лаҳзае осоянд.

Боғи Алишер Навоӣ ба маънии том боғи дӯс­тист. Маҳз ҳамин дӯстию ҳамкешӣ буд, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар сафари хеш ба Тоҷикистон, марзҳои беш аз бист сол бастаро кушод. Ин дӯстӣ, албатта, идомаи ҳамон дӯстии Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомист, ки сари хони муҳаббату садоқат ва бародарӣ нон мешикастанд ва заминаи бунёдии дӯстии ҳар ду миллатро гузоштанд ва садсолаҳо дар муқобили ҳуҷуми фарҳангии аҷнабиён устуворанд.

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ин падидаи неки таърихӣ риоя мешавад. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ, дар шаҳри бостонии Самарқанд, дар яке аз маҳаллаҳои ободи он, бо номи «Тахти Мазор» пайкараи ин ду абармарди миллати тоҷик ва ӯзбек гузошта шуда буд.

Бунёди боғе ба чунин зебоӣ, ба номи Алишер Навоӣ дар маркази шаҳри Душанбе ва дар он қомат афрохтани пайкараи ин ду абармарди равшандилу дурандеш идомаи ҳамон дӯстии абадзинда мебошад. Дӯстие, ки замоне Мир Алишер Навоӣ бо устоди худ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ба он асос гузошта буданд.

Алихон ЗАРИФӢ,

рӯзноманигор