Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

№109 (4692) 06.09.2023

Шашуми сентябри соли 2023 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён дар доираи нақша — чорабиниҳои Маҷлиси намояндагон, дар арафаи 32-юмин Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Роғун мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадалӣ Ватанзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён таъкид намуданд, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон рафти амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат возеҳу мушаххас баён гардида, вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон, буҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда махсус таъкид карда шуд.

Зикр гардид, ки яке аз муҳимтарин нуктаҳои дигаре, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъулияти ҳар яки мо таъкид гардида буд, ин омодагии ҳамаҷониба ва ҳиссагузорию мусоидати пайваста ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин росто, Сарвари давлат, ҳамчунин, дар назди масъулин ва сохторҳои дахлдор вазифа гузош­танд, ки ба ин раванд бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат карда, ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан ободу зебо гардонидани маҳали зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ, эътибори аввалиндараҷа диҳанд. 

4-уми сентябри соли 2023 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Аҳмадов ва Мавлуда Мирзозода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дилрабо Мансурӣ оид ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар ин замина болоравии сатҳи некуаҳволии мардум дар солҳои соҳибистиқлолӣ сухан карда, аз хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар шуд.

Вакил Мирзоанвар Аҳмадов роҷеъ ба ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ҳарф зада, ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар ин самт кумакрасони мақомоти дахлдори давлатӣ бошанд.

Мавлуда Мирзозода дар бобати такмили қонунгузорӣ ва моҳияти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қабули 634 санади ҳуқуқию меъёрӣ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба 49 қонун аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ёдовар шуда, даъват кард, ки нисбат ба татбиқи он чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Аз номи интихобкунандагон собиқадори соҳаи тандурустӣ Исохоҷа Каримхоҷаев ба вакилон барои мулоқоти судманд арзи сипос кард.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Исмоилиён дар Ҷамоати деҳоти «Муҷун»-и ноҳияи Ғончӣ бо интихобкунандагон вохӯрд.

Дар мулоқот фаъолону зиёиён ва ҷавонон иштирок намуданд.

Комрон Исмоилиён доир ба дастовардҳои 32 соли истиқлолияти давлатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, сокинони Ҷамоати деҳоти «Муҷун»-ро бо Ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар доираи мулоқот бо интихобкунандагон вакил аз Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани «Меваҳои ҳазорчашма» ва сехи дӯзандагии «Малика» боздид намуда, бо кормандон суҳбат намуд.

 Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода ва Музаффар Маҳмудзода дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо интихобкунандагон мулоқот баргузор намуданд.

Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар ифтитоҳи мулоқот аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории истиқлолияти давлатӣ, таҳкими қонуният, афзун намудани дастовардҳои даврони истиқлолият сухан кард.

Вакилон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, нақши он дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, волоияти қонун, баррасии муроҷиати интихобкунандагон ҳарф зада, ҳозиринро ба истиқболи Ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтанд.

Дар мулоқот, инчунин, вакилон ба саволу дархости интихобкунандагон посух гуфтанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо интихобкунандагон дар Қасри «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир намуд.

Мавсума Муинӣ аз дастовардҳои даврони соҳиб­истиқлолӣ, рушду такомули соҳаҳои хоҷагии халқ, кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи ҷумҳурии соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват кард, ки бобати истифодаи дурусти сомонаҳои иҷтимоӣ ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд, зеро бино ба маълумоти расмӣ, имрӯз беш аз 4,5 млн. сокинони мамлакат ба интернет дастрасӣ дошта, дар ҳолатҳои алоҳида фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи хоинони миллат шуда, дар зиндагӣ ба роҳи хато рафта, ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мепайванданд.

Номбурда дар идомаи суханрониаш оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ҳарф зада иброз дошт, ки имрӯз дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 70 фоизи занон дар соҳаи маориф бори гарони тарбияю таълимро ба дӯш мекашанд. 25 фоиз ба сифати хизматчии давлатӣ дар вазифаҳои пурмасъул фаъолият доранд.

Ҳамчунин, дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонзода оид ба мақому манзалати ҲХДТ дар ҷомеа сухан кард.

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 5-уми сентябри соли 2023 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 – и шаҳри Кӯлоб вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода бо сокинони маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Сино, Ҷумъа Алиев ва омӯзгорону хонандагони муассисаи зикршуда доир гардид.

Шарифҷон Ҳакимзода ҳангоми суханронӣ сокинонро ба сарфаи неруи барқ, самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ, гирифтани ду — се ҳосил ва захираи маҳсулоти хӯрокворӣ даъват намуд.

Бо ҳамин тартиб мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода бо донишҷӯёну омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, инчунин сокинони маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ва ташкилоту муассисаҳои таълимии шаҳр доир шуд.

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Шодиён бо фаъолони ноҳия доир гардид.

Вакили мардумӣ оид ба дастовардҳои 32 соли соҳибистиқлолӣ, сафарбарнамоии саривақтии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва дигар зироат, корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Қайд гардид, ки дар муддати на чандон дарози соҳибистиқлолӣ бо заҳмати шабонарӯзӣ ва дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон ба яке аз давлатҳои ободу осуда ва пешрафта табдил ёфтааст. Мо вазифадорем, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор диҳем.

Муҳаммад Шодиён, инчунин, вобаста ба фаъо­лияти имрӯзаи парлумони мамлакат дар назди ҳозирин маълумот дод. Дар фарҷоми вохӯрӣ вакили парлумон ба саволҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас дод.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

Комрони АСЛОН,

Сулаймон СУЛТОНОВ,

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»