Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Шоразми боло»-и шаҳри Ваҳдат

№101(3247) 30.08.2014

Бисту ҳаштуми августи соли 2014 дар деҳаи Бомғураи дараи Ромит Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Шоразми боло» шинос шуда, ғаллакорию сабзавоткорӣ, кишти такрорӣ ва умуман истифодаи босамари заминҳои обии корамро дар ин ҷо «намунавию ибратбахш» номид.

Тавре зикр гардид, ин хоҷагӣ дорои 307 гектар замини корам буда, аҳли заҳмати он аз 100 гектар ғаллаи обӣ ба ҳисоби миёна 65-сентнерӣ ҳосил гирифтаанд ва дар 70 гектар пас аз ҷамъоварии ҳосили ғалладона кишти такрориро ба роҳ мондаанд. Чунонки аён гардид, деҳқонони пуртаҷрибаи ин хоҷагӣ дар як замини кишти такрорӣ то се намуди зироатро кишт намуда, аз ҳар яки он ҳосили дилхоҳ мегиранд. Барои ин се зироат, аз ҷумла ҷуворимакка, бодиринг ва лӯбиё интихоб мешавад, ки ба нашъунамои ҳамдигар монеъ намешаванд, балки мусоидат мекунанд.

Хулласи калом, кулли заминҳои корами ин хоҷагӣ пурсамар истифода мегарданд. Тавре иттилоъ доданд, аз ҳар гектар картошкаи барвақтӣ ба ҳисоби миёна 220-сентнерӣ ва аз пиёзи кишти асосӣ 450 сентнерӣ ҳосил мегиранд.

Дар ҳамин ҷо намунаҳо аз ҳосили ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, лӯбиёгиҳо, меваҳои шаҳдбор ва асали дараи овозадори Ромит ба маъраз гузошта шуда буд, ки бозгӯй аз заминҳои ҳосилхези ин минтақаи зебо ва заҳмати хастагинопазири мардуми он аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо деҳқонону боғпарварони дар ин ҷо ҳузурдошта бевосита суҳбат карда, ба натиҷаҳои кори онҳо баҳои баланд дод ва барои боз ҳам баланд бардоштани самарабахшии корҳои кишоварзӣ пешниҳодҳои муфид намуд.

www.president.tj