Ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Кишвари Шумо дар роҳи тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ бомуваффақият пеш рафта, дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши созанда мебозад.
Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон бар пояи усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бунёд ёфтаанд. Ҳамкориҳои босамари дуҷониба дар бахшҳои мухталиф густариш ёфта, ҳамоҳангии талошҳо дар чаҳорчӯби ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба самараи хуб медиҳад.
Итминон дорам, ки рушди минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити Русия ва Тоҷикистон комилан ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони дӯсти мо буда, ба таҳкими сулҳу амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом, комёбиҳо, ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ хоҳонам”.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад:
“Муҳтарам ҷаноби Президент,
Ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷоза фармоед ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро иброз намоям. Бовар дорам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушд ба комёбиҳои навин ноил хоҳад гардид.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ Шумо бо сафари давлатӣ ба Чин ташриф оварда, дар Нишасти сарони Чин ва Осиёи Марказӣ ширкат варзидед. Мо атрофи рушди муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мубрами байналмилаливу минтақавӣ мулоқоти судманд ва табодули амиқи афкор анҷом дода, ба мувофиқаҳои фарогир даст ёфтем ва бунёди Ҷомеаи сарнавишти муштарак байни Чину Тоҷикистонро дар рӯҳияи дӯстии абадӣ, якдилӣ ва манфиати мутақобила эълом намудем.
Ман муносибатҳои миёни Чину Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, равобити наздики хизматӣ ва дӯстии қавии шахсиро бо Шумо қадр мекунам ва омодаам барои таъмиқи бештари ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ва ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои Чину Тоҷикистон саъю кушиши муштарак ба харҷ диҳам.
Ба кишвари дӯсти Тоҷикистон шукуфоиву пешрафт, ба мардуми он саодату некуаҳволӣ хоҳонам”.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден дар барқияаш гуфтааст:
“Муҳтарам ҷаноби Президент,
Ман аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон таманиёти беҳтаринро ба муносибати ҷашни 32-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон орзу дорам.
Шарикӣ байни Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшонтар барои халқҳои мо ва мардуми тамоми ҷаҳон мусоидат намуд. Ҳамроҳ мо кори худро дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм вусъат додем. Мо барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ва дастгирии рушди иқтисодии фарогир дар ҳамбастагӣ кор кардем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешсафии Тоҷикистонро дар соҳаи иқлим, аз ҷумла кори Шуморо барои пешрафти таъмини амнияти обӣ, ки барои бехатарӣ ва инкишофи одамон дар ҳама ҷо масъалаи муҳим мебошад, дастгирӣ мекунад.
Дар давоми соли оянда ман умедворам, ки робитаҳо байни халқҳои мо боз ҳам таҳким меёбанд ва мо барои амалӣ намудани афзалиятҳои муштаракамон якҷо кор хоҳем кард. Ман ба Шумо иди миллии хурраму хурсандиоварро таманно дорам”.
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бо камоли хушҳолӣ Шумо ва тоҷикистониёнро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманниёти беҳтарини худро ирсол менамоям.
Тоҷикистони бародар имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо, дар натиҷаи ислоҳоти мунтазаму фарогир, ки ба таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд, ба пешравиҳои бузург ноил мегардад.
Боиси фараҳмандии мост, ки дар заминаи рушди тадриҷии иқтисодиёт, беҳбуди некуаҳволии аҳолӣ, сиёсати фаъоли хориҷӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ, обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тақвият меёбад.
Равобити наздики бародарона и муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ миёни мардумони Узбекистон ва Тоҷикистон солҳои охир ба таври бесобиқа рушд мекунанд.
Бисёр хушҳолам, ки муколамаҳои сатҳи олии мо шакли доимӣ гирифта, шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймониамон амиқ мегарданд.
Ҷаноби Олӣ!
Итминон дорам, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе мо дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал авлавиятҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаамонро мушаххас месозем.
Ба муносибати ин рӯзи фараҳбахш ва хотирмон ба Шумо, сиҳатмандии комил, саодати оилавӣ, неруи давомдор ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафт орзумандам”.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми Тоҷикистони бародарро ба муносибати Рӯзи истиқлол сидқан табрик мегӯям.
Ин санаи фархунда дар таърихи кишвари Шумо рамзи ваҳдат, озодӣ ва ватандӯстии сатҳи баланд буда, ҳамчун заминаи устувори таҳкими минбаъдаи давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ хидмат мекунад.
Дастовардҳои олии Тоҷикистони муосир дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо сиёсати дурнамо ва фаъолияти созандаи Шумо пайванди ногусастанӣ доранд. Бовар дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии тавонманди Шумо роҳи рушду пешрафти босуботи худро идома дода, ташаббусҳои муҳим ва ислоҳоти васеъмиқёсро дар амал татбиқ хоҳад кард.
Фурсатро ғанимат шумурда, бо ғояти қаноатмандӣ ҷараёни баланди ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистонро, ки бо муҳтавои нав ғанӣ гашта, пурра ҷавобгӯи сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мебошад, таъкид менамоям.
Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак муносибатҳои гуногунҷанбаи Қазоқистон ва Тоҷикистон минбаъд ҳам бар манфиатҳои кишварҳо ва марлумони мо ҳамаҷониба таҳким хоҳанд ёфт.
Дар ин рӯзи ботантана ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои минбаъда, ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям”.
Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Ба туфайли роҳбарии чандинсолаи моҳиронаи Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қуллаҳои баландро фатҳ кардааст.
Боиси хушнудист, ки рушди муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад ва дар баровардани онҳо то сатҳи ҳамкории ҳампаймонӣ Шумо саҳми хос доред.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович ва тамоми мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволӣ, шукуфоӣ ва дар татбиқи ҳадафҳои муайянкардаатон комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям”.
Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Боиси сарфарозист, то ба Шумо ва тамоми мардуми бародари кишваратон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ирсол намоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ ба муваффақиятҳои азим даст ёфта, ба қуллаҳои нави рушди иқтисодии кишвар соҳиб гардид ва ҳамзамон эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан таҳким бахшид.
Туркманистон ба тавсеа ва рушди равобити дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Боиси хушнудист, ки кишварҳои мо амалҳои худро дар бахшҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо муваффақона ҳамоҳанг менамоянд. Итминони комил дорам, ки ҳамкории дуҷониба ба шарофати талошҳои муштаракамон минбаъд низ ба нафъи мардумони бародари ду кишвар рушд ва таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, самимона ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил, хушбахтӣ ва некуаҳволӣ, ба мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу пешрафти минбаъда ва шукуфоӣ орзумандам”.
Дар табрикоту таҳнияти Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шарафёбам, табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон бирасонам.
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Шумо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар комёбиҳои назаррас ба даст омада, иқдомҳои фаъол дар арсаи байналмилалӣ боиси боло рафтани нуфузи Ҷумҳурии муосири Тоҷикистон гардидааст.
Бо хушнудӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба, ки ҳамкориҳои пурсамар ва зичи кишварҳои моро дар доираи васеи самтҳои фарогир инъикос менамоянд, ёдовар шавам. Итминони комил дорам, ки муносибатҳои Туркманистону Тоҷикистон, ки бар асоси усулҳои дӯстӣ, эътимод ва ҳусни тафоҳум бунёд ёфтаанд, дар оянда низ ба нафъи мардумонамон рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо сиҳатмандии бардавом, хушбахтӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафт ва шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям”.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худ табрик мегӯям.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар раванди таҳкими давлатдорӣ, рушди некуаҳволии мардум ва тақвияти нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Бовар дорам, ки муносибатҳои миёни ду кишвар дар заминаи эътимоди мутақобила, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таҳким ва таъмиқ хоҳанд ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо сиҳатмандии комил, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу рушд орзумандам”.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии инҷониб ва тамоми мардуми Беларусро ба муносибати ҷашни миллӣ бипазиред.
Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз натиҷаҳои таъсирбахше, ки тайи даҳсолаҳои охир дар бунёди давлатдорӣ, баланд бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими мавқеи худ дар минтақа ва ҷаҳон ба даст овардааст, воқеан ифтихор дошта бошад.
Дар Беларус сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷонибаро, ки дар заминаи дӯстӣ, эътимод ва манфиати мутақобила асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ мекунанд.
Дидорамонро дар шаҳри меҳмоннавоз ва офтобии Душанбе дар октябри соли 2022 бо ҳиссиёти гарм ба ёд меорам. Самимона бовар дорам, ки мувофиқаҳои мушаххаси аз натиҷаи он бадастомада барои пешрафти иқтисодии ду кишвар, рушди некуаҳволии шаҳрвандони онҳо хизмат хоҳанд кард.
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, бахту саодат, комёбиҳои навин дар фаъолияти созандаи Шумо, ба мардуми бародари Тоҷикистон суботу шукуфоӣ таманно дорам”.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомали Шарифович!
Бо хушнудии комил аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон ба Шумо ва дар шахси Шумо ба мардуми кишваратон табрикоти ниҳоят самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати ҷашни милии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол мерасонам.
Ҳамчун кишвари дӯст эҳсоси фараҳмандии хосса аз он мекунем, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар таҳкими давлатдорӣ, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва балнд бардоштани нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ноил мегардад.
Сатҳи имрӯзаи муносибатҳои байнидавлатии мо аз эҳсоси мутақобилаи ҳусни таваҷҷуҳ, эҳтиром ва эътимод, ки мардумони мо дар тули таърихи равобити худ нисбат ба ҳамдигар доштанд, сарчашма мегирад. Сафарҳои мутақобилаи мо дар сатҳи олӣ, дидорҳои мунтазам, санадҳои сершумори баимзорасида, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, рушди босуръат ва муваффақонаи муносибатҳо ва ҳамкориҳои дуҷонибаи моро муайян мекунанд.
Бовар дорам, ки зимни истифодаи босамар аз шароити мусоиди мавҷуда барои тавсеаи равобити Озарбойҷону Тоҷикистон, мо ба таҳкиму таъмиқи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба ноил хоҳем гардид.
Дар ин рӯзи хотирмон, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил, хушбахтӣ ва муваффақият дар корҳоятон, ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволии рӯзафзун ва шукуфоӣ орзумандам”.
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон, чунин омадааст:
“Муҳтарам ҷаноби Президент,
Ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон хушҳолам ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон таманниёти самимии худро ҷиҳати бахту саодат, шукуфоӣ ва сулҳ расонам.
Фаронса ва Тоҷикистонро равобити дерини дӯстӣ мепайванданд ва аз ин лиҳоз барои ман ифтихори бузурге буд, ки аз Шумо дар солҳои 2019 ва 2021 дар Париж пазироӣ намудам, бахусус ифтитоҳи муштараки намоишгоҳи бошукуҳи “Сарзамини дарёҳои тиллоӣ”-ро дар хотир дошта, мехоҳам аз рушди робитаҳои фарҳангии мо ва густариши шарокат дар соҳаҳои донишгоҳӣ ва илмиамон бо хушнудӣ ёдовар шавам.
Фаронса ҷонибдори суботи минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Акнун барои мо аз ҳарвақта бештар муҳим аст, ки ин муносибатҳои дӯстии байни мардумонамон ва муколамаи қавиро оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ идома диҳем. Мутмаин бошед, ки дар симои Фаронса Шумо ҳамсуҳбате хоҳед ёфт, ки ҳамеша ба он таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.
Лутфан, ҷаноби Президент, ғояти эҳтиромоти инҷонибро бипазиред”.
Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:
“Бародари азиз
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон
Худо ҳифзашон кунад
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу
Боиси хушнудист, ки Ҷаноби Олиро ба муносибати Рӯзи истиқлоли кишварашон самимона табрику таҳният гуфта, барои Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманниёти саломатию саодатмандӣ ва барои Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар пешравию шукуфоии пайвастаро орзу намоям”.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Лутфан табрикоти самимии маро бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намоед.
Ҷумҳурии Исломии Покистон ба муносибатҳои таърихӣ ва бародаронаи худ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, омода аст, ки ин муносибатҳоро ба зинаи нави стратегӣ ва ба манфиати ду кишвари бародар табдил диҳад.
Боиси каноатмандии беандоза аст, ки муносибатҳои Покистону Тоҷикистон дар солҳои охир суръати болоравиро пеша кардаанд.
Муносибатҳои мо, инчунин, бо кӯшишҳои якҷояи мо барои сулҳ ва шукуфоии минтақа мустаҳкам шудаанд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба Шумо Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва ба мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди доимӣ ва шукуфоии пайваста орзумандам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул фармоед”.
Дар табрику таҳнияти Императори Ҷопон Нарухито чунин омадааст:
“ Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ман бисёр хушҳол ҳастам, ки ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимӣ ва орзуҳои неки холисонаи худро барои бахту саодати Шумо ва шукуфоии мардуми кишваратон мерасонам”.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 32-юмин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.