Аз дурдасти ормони мо расидӣ,
Чун ормони халқи мо зебо расидӣ.
Додӣ ба мо дунё, чу як дунё расидӣ,
Ҳамчун давоми бахт, чун фардо расидӣ.
Моро ҳумои тозаболи бахт – Истиқлол,
Пайки ҷаҳони безаволи бахт – Истиқлол.
То раҳ ба сӯи бахти худ пайдо кунад миллат,
Раҳбар расиду раҳнамо аз ҷодаи қисмат.
Бахти накӯи халқро бинвишт дар сархат,
Давлат зи миллат муҳтарам шуд, миллат аз давлат.
Бо Пешво дидем мо рӯи накӯи бахт,
Бо Пешво пеши раҳи мо вост сӯи бахт.
Олам кушоду олами мо тангнои туст,
Пурнур умре ахтари мо дар самои туст.
Чизе туро дода Худо, гар аз барои мост,
Чизе Худо додаст моро, аз барои туст.
Як сарзамини чун биҳиштӣ, Тоҷикистон,
Моро сариву сарнавиштӣ, Тоҷикистон!
Низом ҚОСИМ,
Шоири халқии Тоҷикистон