Тоҷикону ӯзбекҳо аз давраҳои қадим бо ҳам паҳлуи якдигар дӯстона зиндагӣ мекунанд. Фарҳанги муштарак, умумият ва таомулҳои динӣ, маросиму анъанаҳо, урфу одат, тарзи зист ин ду халқро ба ҳам пайваст намудаанд. Решаҳои дӯстии тоҷику ӯзбек ба дуриҳои таърих рафта мерасад. Агар ин дӯстиро ба қасри муҳташам монанд кунем, ба қавли устод Мирсаид Миршакар: «Ба ин қасри дӯстӣ устодони сухан Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ асос гузоштаанд». Имрӯз ин қасри бузург боз ҳам симои пурҷилотарро гирифтааст.
Ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳилаи сифатан нав дар робитаҳои ҳамдигарии ин ду кишвари ҳамҷавор гардида, аз рӯзҳои аввал ҳар ду давлат истиқлолияти давлатии якдигарро эътироф намуданд. Муносибатҳои расмии дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22-юми октябри соли 1992 барқарор гашта, дар пойтахтҳои ҳар ду давлат – шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд сафоратхонаҳо ифтитоҳ ёфтанд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давраи мушкил барои ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол буд. Махсусан, Тоҷикистон ба мушкилоти вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дучор гардида, дар кишвар муқовиматҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ омад, вале бо барқарор шудани сулҳу оромӣ мамлакати мо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳалли мушкилоти дохилӣ, сиёсати дурандешонаи хориҷиро пеш гирифта, саъю талошро барои барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои дӯстона бо давлатҳои дигар равона кард.
Соли 1998 вохӯриҳои сатҳи олӣ миёни роҳбарони ҳар ду давлати ҳамсоя баргузор гаштанд, ки ба тақвияти робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат кард. Чоруми январи ҳамон сол бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд сафари расмӣ анҷом доданд. Дар доираи сафар шартномаҳои байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, тандурустӣ, илм, техника, иттилоот, фарҳанг ва соҳаҳои гуманитарӣ ба имзо расиданд. Баъдан, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз якчанд шартнома дар бораи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расиданд. Аҳдномаи дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 — уми июни соли 2000 ба имзо расид.
Аз моҳи сентябри соли 2016 робитаи ду давлати ҳамсоя ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев чор маротиба вохӯрӣ, инчунин дар сатҳи олӣ чандин суҳбати телефонӣ сурат гирифт. Сипас, мулоқоту вохӯриҳои зиёди байниҳукуматӣ доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо баррасӣ гардиданд. Бо ташаббуси сарварони ҳар ду давлат 17 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд. Роҳҳои ҳавоӣ боз гардида, дар хатсайрҳои Душанбе — Тошканд, Душанбе — Самарқанд, Душанбе — Бухоро парвози ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шуд. Дар идомаи ин иқдомот хатсайрҳои нақлиёти автомобилии Панҷакент — Самарқанд, Хуҷанд -Тошканд, Душанбе — Деҳнав, Душанбе — Самарқанд ва Душанбе — Бухоро ифтитоҳ ёфт. Дар натиҷа, дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ тақвият ёфтанд.
Бо идома ёфтани саъю талошҳои сарварони ду давлати ҳамсоя муносибатҳои байни ҳар ду давлат куллан тағйир ёфта, ба маҷрои созанда ва барои тарафҳо манфиатовар ворид гардид. Иқдомҳо ва талошҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар самти эҳёи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, ҳусну тафоҳуми ҳамҷаворӣ, дӯстию бародарӣ мардуми ҳар ду кишварро хурсанд карда, ба ояндаи нек раҳнамун сохт. Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз (9-10-уми марти соли 2018) Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф овард. Ин сафари расмии давлатии роҳбари олии кишвари ҳамсоя — Шавкат Мирзиёев, ки дар тӯли 26 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори нахуст ба амал омад, натиҷаи иродаи нек, дурандешӣ ва хиради волои сарварони ҳар ду давлат ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни ин сафар байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар натиҷа бисёр масъалаҳое, ки барои муътадил ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаю бародарона ва ҳамсоягӣ садди роҳ мешуданд, аз миён бардошта шуда, рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ба назди хешу ақрабои худ ва тиҷорат хеле содаю осон гардид.
Чунин рӯйдодҳои фараҳбахш, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва саъю талоши роҳбарони хирадманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайвастанд, муносибатҳои хешу таборӣ ва дӯстию ҳамсоягии қаринро эҳё карда рушд дод. Ин хизмати шоистаю арзанда ва мондагори сарварони некнияти ҳар ду давлат дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Зимни яке аз мулоқотҳои дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев Сарвари давлатамон иброз намуданд, ки: «Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳила ба марҳила боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд».
Вақте сухан дар бораи халқҳои тоҷику ӯзбек меравад, бисёриҳо ибораҳои «дӯст», «бародар», «хешу табор», «ҳамсояи наздик»-ро истифода мебаранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26-уми декабри соли 2018) қайд карданд: «Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад… Хурсандибахш аст, ки баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович дар раванди рушди шарикии гуногунҷанбаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифта, ғояи он мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб мекунад.».
Мо, ки дар арафаи ҷашни пурифтихори миллиамон – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, таъкиди ин нукта зарур аст, ки эҳё ва таҳкими равобиту ҳамкориҳо миёни ҳар ду халқи бародар аз дастовардҳои бузурги соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон