Китоби нависанда Файзулло Муҳаммадалӣ таҳти унвони «Одам-ҷавҳари олам» дар нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад. Асари тозаэҷоди Файзулло Муҳаммадалӣ бозгӯйкунандаи нақши одамон дар ҷаҳони имрӯза буда, дар ҳаҷми як китоби комил пешниҳоди дӯстдорони асарҳои ин эҷодкор гардид.
Китоби «Одам-ҷавҳари олам»-и Файзулло Муҳаммадалӣ саршор аз муҳаббати самимӣ нисбат ба Ватан, модар, таърихи гузаштаву имрӯзаи миллат ва мардуми тоҷик буда, армуғони арзандаест ба ҳаводорон ва дӯстдорони каломи бадеъ.
Ҷоиз ба ёдоварист, ки аз соли 2000-ум то имрӯз 13 номгӯй китобҳои эҷодкори шинохта ба табъ расида, ҳамчунин ӯ муаллифи беш аз 100 рисола ва мақола мебошад. Ӯ дар оянда ният дорад барои баланд бардоштани тафаккури ҷавонон асарҳои нави замонавӣ эҷод намуда, ба пешрафти ҷомеаи имрӯза то қадри имкон саҳмгузор бошад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»