Субҳи 7 сентябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги Арбоби ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор шуд.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллӣ ва ба толор ворид кардани Парчами давлатӣ оғоз шуд. Баъди сухани ифтитоҳии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборакбод гуфт.
Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор дошт, ки «Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият фароҳам овард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо дастоварду комёбиҳои беназир Ватани маҳбубамонро ба марҳалаи сифатан нави рушд расонанд».
Раиси вилоят, дар маърӯзаи идонаи худ кулли сокинони сарбаланди вилоятро бо фарорасии ҷашни сарнавиштсози таърихӣ 32 — солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллат ва асоси хушбахтию сарбаландии сокинони мамлакати азизамон мебошад, табрику таҳният гуфт.
- Сокинони сарбаланду заҳматқарини вилояти Суғд имрӯз аз он шукргузоранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар муддати 32 соли соҳибихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи меҳнату заҳмати суботкоронаи мардуми кишвар ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, — гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон иброз дошт, ки «Давлату Ҳукумат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосии худ эълон намуда, ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро ҳадафи стратегии худ қарор дод. Вобаста ба ин, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, ба хотири таъмин намудани пешрафти босуботи иқтисодии мамлакат илова ба се ҳадафи стратегӣ саноатикунонии босуръати кишвар низ ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Ҷиҳати татбиқи минбаъдаи ин ҳадафҳо ва дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ раванди ислоҳот ва рушди бонизоми иқтисоди миллӣ бомаром идома ёфта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд».
Бино ба гуфти ӯ дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа ва савдою хизматрасонӣ таъмин гардида, давоми солҳои 2010 — 2022 нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба марҳилаи рушди бонизом ворид шуданд.
Дар интиҳо ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раҷаббой Аҳмадзода ба як қатор пешқадамони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали «Хизмати шоиста» ва медали «Шафқат»-ро супориданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»
Суратгир Облоқул Мӯсоев