Ҳафтуми сентябри соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Сатторзода ҳозиринро бо Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош намуда, ба онҳо саломатӣ ва комёбиҳо таманно намуд.
Ӯ ёдовар шуд, ки 32 сол муқаддам дар таърихи миллат ва давлатдории халқи тоҷик муҳимтарин воқеаи сарнавиштсоз ба вуқӯъ омада,Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро ба ҷаҳониён эълон намуд. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар тӯли таърихи ҳазорсолаи охир барои миллати куҳанбунёди тоҷик рӯйдоди пурарзиштарин ва дастоварди беназир ба ҳисоб меравад.
Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода дар бораи аҳамияти ин санаи бузурги таърихӣ андешаҳояшро баён карда, иброз намуд, ки истиқлолияти давлатӣ рамзи давлатдорӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳуқуқӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки тоҷикон ҳанӯз дар даврони Сомониён соҳиби давлат, марзу бум, Девони вазирон ва сиккаҳо буданд.
- Маҳз, дар натиҷаи роҳбарии хирадмандона ва содиқонаю ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якдилию муттаҳидии мардуми сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуда, кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Сардори давлат таъкид менамоянд, ки мо қадру қимати Ватани азиз ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор пайдо карда метавонем, — иброз намуд Абдуқодир Комилзода.
Мушовири калони муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Хурсандмурод Саидмуродов зикр намуд, ки истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон рамзи олӣ-ватандорӣ, бузургтарин омили давлатсозию давлатдорӣ — мустақилият, бунёдкорию созандагӣ, фидокорӣ, азму талошҳо барои расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯхта, дар як вақт меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва ҳаёти озодонаи ҳар як фардро ҳамчун дараҷаи олитарини саодати миллат таъмин намуд. Ҳамаи ин омилҳои бунёдии ҷомеа ва давлат дар маҷмӯъ, ҳамчун механизмҳои таъсирбахшу низомсоз тавонистанд боиси пойдории давлату ҷомеа гардида, барои рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, рушди фарҳанг, донишҳои зеҳнӣ ва арзишҳои инсонӣ шароити мусоид фароҳам оваранд.
-Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳамчун ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат муайян шуданд, даҳҳо неругоҳҳои барқи обии хурду калон, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шуда, масъалаи таҷдиди соҳаи кишоварзӣ ҳалли худро ёфта, таъмини амнияти озуқавории мамлакат комилан амалӣ гардид, — таъкид намуд Хурсандмурод Саидмуродов.
Муовини мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсус Занҷирамо Нуруллозода роҷеъ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, иброз намуд, ки дар натиҷаи талошу заҳмат ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид. Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар дастовардҳо, инчунин, ба баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа нақши мондагор гузошт. Ҳоло дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон наздики 50 нафар бонувон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 18 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва категорияҳои якум ва дуюм кор мекунанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии мо ба шарофати роҳнамоӣ ва заҳмати софдилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардид.
- Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Роҳбари оқилу доно ва Пешвои ватанпарвару дурандеш дошта бошад. Мо, хушбахтона, чунин Сарвари давлат ва Пешво дорем, ки тамоми ҳастиашро дар роҳи ҳифзи истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдории сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон бахшидааст. Ба ҷо овардани ин рисолати бузурги давлатдорӣ, аз мо танҳо дар атрофи Сарвари давлат аз ҳарвақта дида зичтару устувортар сарҷамъ буданро тақозо менамояд, — гуфт Занҷирамо Нуруллозода.
Дар фарҷом Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар маросими тантанавӣ ба бархе аз кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мукофотҳои давлатӣ супорида, онҳоро аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуд. Аз ҷумла, мудири шуъбаи матбуот Муҳаммадато Султонов бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид.
Ҳамчунин, бо Амри Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бархе аз кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо рутбаҳои тахассусӣ сарфароз гардонида шуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев