Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

№112 (4695) 12.09.2023

Шашуми сентябри соли 2023 дар ноҳияи Рӯшон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо интихобкунандагон доир гашт. Дар мулоқот раиси ноҳия ва муовинони ӯ, сардорони идораву муассисаҳо, директорони мактабу таълимгоҳҳо, раисони Ҷамоатҳои деҳот ва ҷавонони ноҳия ширкат доштанд.

Қодири Қосим перомуни муҳимияти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии давлатдории навини тоҷикон, татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, қабул гаштани як қатор ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон, боло гаштани нуфузу эътибори тоҷикон дар арсаи олам, тарбияи ­наслҳои ояндасоз дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, ҳифзи ёдгориҳои нодири таърихӣ ва дигар боигариҳои табиии кишвар сухан кард.

- Яке аз дурдастарин вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, маҳз дар замони соҳиб­истиқлолӣ пешрафт намуда, марҳилаи тозаи рушди он барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва таҳкими некуаҳволии сокинон нақши бесобиқа хоҳад гузошт, — иброз намуд вакили парлумон.

Сипас, раиси ноҳияи Рӯшон Додхудо Фаррух ва сокинони ноҳия аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар рушди ноҳия ва вилоят, нақши калидии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу истиқлолияти миллӣ ва пойдории он ҳарф зада, барои фаъолияти босамари вакилони мамлакат барору комёбиҳо таманно намуданд.

Нимаи дуюми рӯзи шашуми сентябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон Қодир Қосим бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон вохӯрӣ намуданд. Инчунин, дар мулоқот муовини раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода иштирок ва баромад намуданд.

Таъкид шуд, ки баъди чандин садсолаҳо, хушбахтона, тоҷикон бори дигар истиқлолияти комилро соҳиб шуданд. Аз ин рӯ, ҳар як хурду бузурги кишварро лозим меояд, ки ин ормони аҷдодӣ ва неъмати бузургро чун гавҳараки чашм гиромӣ дошта, ба қадри ҳар дастоварди он бирасанд, зеро дар дунё садҳо миллату халқиятҳо мавҷуданд, ки аз ин дастоварди асил бенасибанд.

Вакили парлумон диққати ҷамъомадагонро ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани маҳсулоти ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз равон карда, баъди мулоқот баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба аҳли вилоят, минҷумла, сокинони Шуғнон барору комёбиҳои рӯзафзун таманно кард.

5-уми сентябри соли 2023 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода дар Ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи кӯҳи»-и шаҳри Ҳисор бо фаъолони Ҷамоат мулоқот анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ вакилони мардумӣ роҷеъ ба ҳифзи истиқлолияту озодӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва суннатҳои неки ниёгон, тарбияи ватандӯс­тии насли наврасу ҷавон, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва дигар масъалаҳо суҳбат намуда, аз вазъи мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ёдовар шуданд.

Зикр гардид, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ки 27 — уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ба вуқӯъ пайваст, гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, чораҳои саривақтӣ андешиданд.

Ҳамин гуна як мулоқоти судманд 4 — уми сентябр бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатулло Ҳабибзода дар Ҷамоати деҳоти «Дурбат» бо фаъолони Ҷамоат баргузор гардида буд.

Шашуми сентябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикис­тон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Суҳроб Самадзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демок­ратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Зимни баромади хеш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ  роҷеъ ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, рушди соҳаи маориф, дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳифзи оромӣ ва осудагии кишвар ва хизмат ба халқу Ватан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ суханронӣ кард.

Дар интиҳо, чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ фикру андешаҳои хешро баён намуданд.

6-уми сентябри соли 2023 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Шарифзода дар толори Қасри фарҳанги деҳаи Урметан бо интихобкунандагон мулоқот намуд. Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода  дар ифтитоҳи  мулоқот аз нақши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории истиқлолияти давлатӣ сухан кард.

Дар вохӯрӣ фаъолону зиёиён ва намояндагони ҷавонони Ҷамоати деҳоти «Урметан» иштирок намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Шарифзода доир ба дастовардҳои 32 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Шашуми сентябри соли 2023 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода дар Ҷамоатҳои деҳоти «Суғдиён» ва «Навбаҳор»-и ноҳияи Мастчоҳ бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Таъкид шуд, ки дар замони соҳиб­истиқлолӣ низоми қонунгузории Тоҷикистон таҳким ёфта, дар ин замина Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти касбӣ табдил ёфт ва теъдоди зиёди қонун ва кодексҳоро қабул намуд, ки барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат нақши муҳим бозиданд.

Ҳамзамон, вакил иброз дошт, ки дар ин давра бо мақсади ташаккул додани сифати баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, инчунин, тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва хизмат ба Ватан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид.

Дар вохӯрӣ вакил вобаста ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллат, ҳимояи марзу буми кишвар ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, аз ҷавонон ва падару модарон даъват ба амал овард, ки қарзи шаҳрвандии худро содиқона адо намоянд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ интихобкунандагон доир ба норасоии оби нӯшокӣ, неруи барқ, бунёди кӯдакистон дар ҳудуди маҳаллаҳои истиқоматӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар мушкилот ба вакил муроҷиат намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

 Шашуми сентябри соли 2023 дар Идораи шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо интихобкунандагон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар мулоқот роҷеъ ба даст­о­вардҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар даврони истиқлолияти давлатӣ ва оид ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳо баён гардид.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави мамлакат аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд. Агар дар соли таҳсили 1991 — 1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод, ин шумора дар соли таҳсили 2022 — 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.

6-уми сентябри соли 2023 мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода бо интихобкунандагон дар Ҷамоатҳои деҳоти «Чилгазӣ», «Лаккон», филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва дидбонгоҳи сарҳадии «Боғистон» баргузор гардид.

Номбурда аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушду такомули соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани ҷойҳои корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани обрӯю нуфузи ҷумҳурии соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳарф зад.

Шашуми сентябри соли 2023 дар Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ»-и  шаҳри  Норак бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода ва Зулфиқор Гулаҳмадзода вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Фраксияи ҲХДТ  дар Маҷлиси  намояндагон Фозил Обид­зода вобаста ба сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар изҳори ақида намуда, бобати сазовор таҷлил намудани 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро иброз намуд.

Инчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода  дар мавзӯи сатҳи сифати таълиму тарбия дар мактабҳо, сарулибоси ягонаи мактабӣ, донистани забони давлатӣ, ҳамзамон дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватан­дӯстии  шаҳрвандон», даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, вазъияти ҳассоси пешгӯинашавандаи ҷаҳон сухан гуфтанд.

Бо мақсади ташвиқу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11-уми сентябри соли равон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашӯрзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вакили мардумӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Қайд гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру деҳоти мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, рушду тараққӣ ёфта, таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф ва тандурустӣ хеле зиёд гардидааст.  Давоми даҳсолаи охир дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якчанд муассисаи таълимии ҳозиразамон, иншооти тандурустӣ, биноҳои идораю корхонаҳои давлатӣ қомат афрохта, дар хизмати сокинони ноҳия қарор дода шуданд.

Вакили мардумӣ, ҳамчунин перомуни ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин,ц бе талаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва дигар зироатҳо ибрози андеша намуд.

Дар фарҷом миёни интихобкунандагон ва вакили мардумӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Машҳур ИМОМНАЗАР,

Сайидо НАЗАРОВ,

Комрони АСЛОН,

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»