Боздид аз иншооти бузурги аср
МАНБАИ «ЭНЕРГИЯИ САБЗ»
Боиси ифтихор аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол менамояд.
Сохтмони НБО «Роғун» барои ҷумҳуриамон аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ дорад. Аз ин рӯ, бо ташаббус ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 сохтмони ин неругоҳи азим, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ оғоз ёфта, бар асари ҷанги шаҳрвандӣ сохтмонаш қатъ гардида буд, аз нав шурӯъ гардида, агрегати якуми он 16-уми ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9-уми сентябри соли соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо як гурӯҳ рӯзноманигорони аъзои «Маҳфили экожурналистон» 31-уми августи соли равон ба НБО «Роғун» сафар намуда, бо рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик ошно шудем.
Муовини директори истеҳсолии ҶСК НБО «Роғун» Қурбонназар Давронов, ки аз соли 2011 дар иншооти мазкур фаъолият мекунад, рӯзноманигоронро қабл аз ҳама, бо қоидаҳои бехатарӣ ва амниятӣ ошно намуда, тибқи нақша, дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар ин манбаи «энергияи сабз» маълумот дод. Ӯ зикр намуд, ки тамоми ниҳодҳои дар неругоҳ фаъолияткунанда дорои мутахассисони техникаи бехатарӣ, мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ» ва бунгоҳҳои тиббӣ мебошанд. Яъне, бехатарӣ ва ҳифзи саломатии тамоми кормандон доимо дар мадди назари роҳбарияти ин иншооти бузург қарор дорад.
Қурбонназар Давронов ёдовар шуд, ки ҳанӯз соли 1980 корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои асосии НБО «Роғун» оғоз гардида буд. То соли 1988 дар иншоот корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Ҳатто дигар кардани маҷрои дарё низ. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва қатъ гардидани маблағгузорӣ корҳои сохтмонӣ мутаваққиф гашта, иншоот қариб, ки беназорат монд. Дар натиҷаи боронҳои шадиди соли 1993 садама ба амал омада, дарғот шуста шуд.
Солҳои 2006-2007 бо иқдоми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои рафъи оқибатҳои садама оғоз ёфта, сохтмони «Кохи нур» дубора оғоз шуд. Соли 2014 коршиносони Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи НБО «Роғун»-ро баҳогузорӣ намуда, вобаста ба бехатарии сарбанд, ҷиҳатҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва дигар ҷанбаҳои лоиҳа хулосаи ниҳоӣ доданд. Баъди ба истифода додани ду агрегат, аз соли 2018 то ин дам дар НБО «Роғун» зиёда аз 6 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба системаи ягонаи барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шудааст.
МАКТАБИ ОБУТОБЁБИИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН
Пас аз пӯшидани либоси махсус ва кулоҳи ҳифозатӣ ба соҳили чапи дарёи Вахш, даромадгоҳи нақби обпартои қабати сеюм равон шудем. Бояд гуфт, ки қисми зиёди иншооти НБО «Роғун» зеризаминӣ буда, тибқи лоиҳа, бояд зиёда аз 100 километр корҳои зеризаминӣ гузаронида шавад. То имрӯз 75 дарсади корҳо ба анҷом расида, дар қисматҳои боқимонда кор идома дорад. Дарвоқеъ, НБО «Роғун» ба як майдони ҷасорату мардонагӣ ва созандагию офарандагӣ табдил ёфтааст. Дар он зиёда аз 14 ҳазору 500 нафар кормандон аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат дар ду баст фаъолият мекунанд. Теъдоди техникаю таҷҳизоти муосир бештар аз 3500 адад мебошад. Аз ин рӯ, метавон гуфт иншооти мазкур ошёни ваҳдату баҳамоии сокинони мамлакат, мактаби обутобёбии мутахассисони ҷавон ва такмили ихтисоси муҳандисону коргарон гардидааст.
Имрӯз хатмкардагони коллеҷу донишкада ва донишгоҳҳои техникии мамлакат дар ин майдони ҷасорат аз собиқадорон нозукиҳои кор меомӯзанд. Баъди ба истифода додани НБО «Роғун» ҳар як коргари он бо ифтихор ёд мекунад, ки дар бунёди иншооти мазкур саҳм гузошта буд.
- Баландии сарбанди неругоҳ 335 метр муқаррар шуда, ҳаҷми маводе, ки дар сарбанд хобонда мешавад, 80 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. То имрӯз дар он зиёда аз 19 миллион метри мукааб мавод хобонда шудааст. Баъди ба анҷом расидани сохтмони сарбанд, он баландтарин дар ҷаҳон хоҳад гашт, — гуфт Қурбонназар Давронов.
Вақте ба қисмати ядрои сарбанд омадем, кор бо ҷӯшу хурӯш идома дошт. Он яке аз иншооти муҳими неругоҳ ба ҳисоб рафта, корҳои сохтмонию васлгариро мутахассисони ватанию хориҷӣ тибқи нақша, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро мекунанд. Дар қитъаи мазкур корҳои хобонидани бетони пуркунанда ва кӯбидашаванда, арматурбандӣ ва бетонхобонии галереяҳо дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад. Тавре мушоҳида кардем, ҳар як мошини ба ин қитъа воридшаванда дар майдончаи махсус бо фишори баланди об шуста мешаванд, то ки ба иншоот бе гарду лой ворид шаванд. Ҳаҷми лоиҳавии корҳои бетонӣ дар таҳкурсии ядрои сарбанди асосии НБО 268,4 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. То ин дам зиёда аз 95 дарсади корҳои бетонхобонӣ ва 91 дарсад корҳои сементатсионӣ хушсифат ба анҷом расидаанд.
Шумораи чоҳҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда тибқи лоиҳа 3305 адад буда, то имрӯз зиёда аз 3025 адад чоҳҳо парма ва сементатсия карда шудаанд. Баъди ба анҷом расидани корҳои бетонхобонӣ ва сементатсионӣ тамоми сатҳи бетони хобонидашуда асфалтпӯш шуда, корҳои пур кардан бо маводи гилхок барои бунёди худи ядрои сарбанд шурӯъ мегардад. Ядрои сарбанд бо мақсади пешгирӣ намудани полоиши об аз баданаи сарбанди об хизмат мерасонад ва аз маводи гилхоки қобилияти обгузарониаш хеле кам сохта мешавад. Ҳаҷми маводи гилхоки барои ядрои сарбанд истифодашаванда 7,4 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Пас аз гилхок маводи филтри қабати якум (сангрезаи 0,10-5,20 мм) барои ҳимояи баданаи ядро хобонида мешавад. Бетоне, ки дар таҳкурсии ядрои сарбанд мехобонанд, бетони ҷаббидашаванда мебошад. Он аз бетони маъмулӣ ба куллӣ фарқ дошта, ҳаҷми ками об ва ҳаҷми ками семент дорад. Онро бо мошинҳои калонҳаҷм кашонида, бо булдозер тахту ҳамвор ва бо мошинҳои ҳамворкунанда зич менамоянд.
Барои бунёди ядрои сарбанд тамоми девори дарунии кӯҳро аз ҷинсҳои ҳавохӯрда ва бодбурда тоза кардан лозим меояд. Танҳо раванди тоза кардани паҳлуҳои кӯҳ қариб се сол идома ёфт. Дар ин муддат корҳои тоза намудан, мустаҳкамсозию бехатаргардонии соҳилҳои чапу рости паҳлӯи кӯҳҳо иҷро гардида, қариб 2,7 миллион метри мукааб ҷинсҳои резондашуда аз қитъаи мазкур бароварда шуданд. Ду паҳлӯи кӯҳ саросар симтӯр гирифта шудааст, то санге ба майдони сохтмон наафтад. Маводи гилхок 30 сантиметр шибба карда, аз он намуна гирифта мешавад. Агар он тибқи стандарт бошад, пас барои хобондан иҷозат медиҳанд.
Аз як тараф, ҷасорату ҳалолкории кормандони иншооти бузурги аср, аз тарафи дигар, эҳтиёткорию дақиқкорӣ ва тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондани сифати кор ва назорати доимии онро дида, бори дигар ба пучу бемағз будани ахбори муғризонаю бардурӯғи баъзе расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ боварӣ ҳосил намудем, зеро дар ин «Кохи нур» ҳар як амал тибқи лоиҳаи борҳо аз ташхиси коршиносони байналмилалӣ гузаронидашуда сурат мегирад. Дар оянда НБО «Роғун» на танҳо бо сарбанди баландтарин, балки бо садди мустаҳкамтаринаш дар дафтари таърих сабт хоҳад шуд.
Дар ин қитъа корҳои сохтмону васлгариро мутахассисону коргарони Ширкати итолиёии «Вибилд», «Треви» ва ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» анҷом дода истодаанд.
ФАТҲИ ҚУЛЛА НАЗДИКТАР МЕШАВАД
Мо бо роҳнамоии Қурбонназар Давронов ба қисмати сатҳи ниҳоии сарбанд рафтем. Корҳои хобонидани мавод дар қисмати болоии сарбанд босуръат идома дорад. Дар кашондану қабат ба қабат мустаҳкам хобондани маводи сарбанд коргарону мутахассисон аз мошину таҷҳизоти муосири боркаш, булдозеру экскаватор ва дигар механизмҳои зарурӣ истифода мебаранд.
Маводи гилхок пеш аз рехтан аввал тибқи андозаи лоиҳавӣ (0,2 -0,5 мм) коркард мешавад. Андозаи 0,5 мм дар қисмати часпиши кӯҳҳо ва андозаи 0,2 мм дар қисматҳои боқимонда истифода хоҳанд шуд. Айни замон 700 000 метри мукааб мавод коркарду захира шудааст. Дар навбати аввал барои то ба сатҳи зарурӣ расидан 3,3 миллион метри мукааб мавод лозим мешавад.
Боздид аз толори мошинҳо низ бароямон хотирмон буд. Дарозии толор 220 метр, паҳноияш 22 метр ва баландии коркарди он 70 метр мебошад. Он дар сатҳи 100 метр поёнтар аз обанбор қарор дорад. Ду агрегати ба кор дароварда (агрегатҳои 5 ва 6) дар ҳамин ҷо насб шудаанд. Конструксия барои агрегати якум аллакай омодааст. Ҳоло конструксияи агрегати дуюм идома дорад. Оҳану фулузоти он аз Федератсияи Россия оварда шуда, корҳои боқимонда дар ҳамин ҷо ҷараён мегиранд.
Корҳои заминӣ дар қисматҳои агрегатҳои 4,3, 2 ва 1-ум ба анҷом расонида шудаанд. Оянда таҷҳизот қисм-қисм оварда шуда, дар ҳамин ҷо васл карда, ба воситаи ду крани борбардор насб мешавад. Вазни як ротор 850 тонна ва статер 470 тонна мебошад.
Тибқи лоиҳа, агрегатҳои боқимондаи НБО «Роғун» солҳои 2025, 2026, 2027 ва 2029 ба истифода дода хоҳанд шуд. Суръату сифати кор ва азми қавии муҳандисону коргарони иншооти бузурги асрро дида, боварӣ ҳосил кардем, ки фатҳи қуллаҳои мурод торафт наздиктар мешавад.
Сафари мазкур барои ман панҷумин боздид аз ҷараёни кор дар НБО «Роғун» буд. Зимни ҳар сафар мушоҳида мекунам, ки ин «Кохи нур» торафт пурҷилотар мешавад.
Бунёди НБО «Роғун» бори дигар собит месозад, ки мардуми тоҷик воқеан, миллати созандаю бунёдкор буда, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корнамоиҳои аз ин ҳам бештар қодиранд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Душанбе — Роғун – Душанбе