Аз шӯру шари тӯфон тарсе нест, аз сели ашки бенавоён битарс!
***
Он чизеро ки гум кардаӣ, ғамашро махӯр, зеро он аллакай аз даст рафтааст. Дар фикри он бош, ки боқимондааш аз даст наравад.
***
Эй ниқобдорон, эҳтиёт намоед, мабодо ниқоб ба рӯятон часпида монад, он гоҳ бо ҳеҷ чизе онро наметавон аз рӯй тарошид. Мабодо зери ниқоб бимиред.
***
Шахсе, ки дунёи худро дорад, дар лаҳзаҳои аз ин дунё дилмонда шудан, ба дунёи худ гузашта, зиндагиро идома медиҳад.
***
Эй ҷавон, ғами пириро фаромӯш макун! Таҳкурсиашро гузор, мустаҳкам гузор.
***
Зистани одам дар байни ҷамъият чунон мураккаб будааст, ки ӯро ҳеҷ фаҳмида намешавад, ҳеҷ сари калобаатро намеёбӣ. Барои он ки нӯгашро ёбӣ, мисли кӯҳ вазнин, мисли баҳр ором, мисли замин хомӯш бош. То ҳол ҳеҷ кас нолаи заминро нашунидааст.
***
Парандае ногоҳ болҳояш шикасту хазанда шуд. Ӯ акнун фаҳмид, ки дар парвоз аз ҳоли хазандаҳо заррае огоҳ набудааст.
***
Аз марг матарс, аздусар аз ӯ ҷои гурез нест, дер ё зуд ӯ меояд. Агар битавонӣ, ӯро мардонавор қабул намо ва ба рӯяш табассуме бикун, бе сухан саҳнаи зиндагиро, саҳнаи бозиатро, ки хуб ё бад бозида будӣ, холӣ бикун: бигузор ин саҳнаро дигарон пур кунанду ба нақшофарӣ сар бикунанд. Дар бозии оянда кӣ мебараду кӣ бой медиҳад, инро вақт нишон хоҳад дод.
***
Ман ними ҳақиқатро гуфтам, ними дигарашро бо худ ба гӯр мебарам.
***
Ба сарвату айшу ишрат, кайфу сафою карру фарри дигарон ҳасрат мабар, ҳамааш беҳуда аст.
***
Қурбони одаме шавам, ки намегӯяду мекунад.
Тиллою нуқраро аз рег шуста ҷудо мекунанд, вале афсӯс ки на ҳамаи регҳо тиллою нуқра доранд. Барои ҳамин дониста бикоб, то меҳнатат барабас наравад…
***
Албатта, бахтҷунбон лозим, лек бикӯш, ки худат ҳам бинҷунбӣ. То худат наҷунбӣ, чизе ҳосил намешудааст.
***
Мефиребӣ, мефиребандат.
Аз китоби «Розҳо», ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо