29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, ҳамчунин фарҳангию гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳиро муҳокима намуданд.
Дар доираи барномаҳои рушди босуръати саноат соҳаи маъданҳои кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ ва ҷалби сармоя ба бахшҳои мухталифи саноат, ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок муайян гардиданд.
Бо дарназардошти имкониятҳои содиротии Тоҷикистон таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикӣ дар кишвари мо зарур шумурда шуд.
Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз” ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯъҳои муҳимми мулоқот буданд.
Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя таъкид гардид, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишвар барои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Чор бозори наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кард. Ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва истифодаи имконияту зарфиятҳои мавҷуда изҳор намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.