Яке аз аркони муҳими устувор нигоҳ доштани пояҳои истиқлоли давлатӣ садоқат доштани шаҳрвандон ба Ватану миллат аст.
Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён кардаанд: «Таъкид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик менамояд. Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд. Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд».
Ҳар як давлат бо мақсади ҳифзи суботу амнияти худ ба мақомоти қудратӣ, аз ҷумла Артиши миллӣ такя мекунад. Дар кишвари мо низ Қувваҳои Мусаллаҳ, ки имсол 30-солагии таъсисёбиашро ҷашн гирифтем, такягоҳи асосии давлат, кафили сулҳу суботи ҷомеа, осоиштагии рӯзгори шаҳрвандон ва сипари боэътимоди миллат мебошад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд».
Агар сафҳаи таърихро варақгардон кунем, мебинем, ки маҳз, надоштани Артиши миллӣ боиси соли 1992 дар қисми зиёди кишвар аланга задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Силоҳдорон бедодгарӣ карда, суботи ҷомеаро барҳам зада буданд. Танҳо баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди Артиши миллӣ корҳои амалӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, 18-уми декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба дӯши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузошта шуд. Дар он айёми душвор, ки ҷанги бародаркуш идома дошт, нарасидани техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва одитарин ҷузъиёти ҳарбӣ, аз қабили сарулибос ва ҷойи хоби афсарону аскарон ҳар лаҳза эҳсос мешуд. Новобаста аз мушкилиҳои сершумор 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор шуд ва афсарону сарбозони содиқу ватандӯст — ҷавонмардоне, ки бевосита ба хотири истиқрори сулҳ ва қатъи хунрезӣ сина сипар карда буданд, бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ аз он гузаштанд.
Сардори давлат зимни таҷлили 30 — юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон он айёмро ёдоварӣ карда, чунин иброз намуданд: «Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иштирок карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд. Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд. Ба шарофати далерию шуҷоат ва фидокорию ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ — фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвар ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, заминаҳои устувори сулҳу оромӣ, суботи сисёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуданд».
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз артишҳои муваффақи минтақа ба шумор рафта, ҳар сол дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ дар машқҳои муштараки фармондеҳию ситодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай фаъолона ширкат варзида, маҳорату таҷрибаи низомиашонро такмил медиҳанд.
Моҳи январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тарҳи нав қабул гардид, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, тамоми самтҳои фаъолияти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳоеро, ки ба қайд гузоштани хизмати ҳарбиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад. Мутобиқи он ҳар сол теъдоди муайяни шаҳрвандон, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мешаванд. 31-уми августи соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996- 2005» ба тасвиб расид.
Тибқи он, аз аввали моҳи октябр дар мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба Артиши миллӣ ҳазорон нафар ҷавонони шуҷоъ ва далеру ватандӯст ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳозир шуданд. Ихтиёрӣ ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ беҳтарин сифати ҷавонмардӣ ба шумор меравад. Дар ин хусус Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд: «Ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар нишонаи бузурги ватандӯстӣ, азму ирода ва ҷасорат, далерии ҷавонмардони мо буда, ин сифатҳо зимни хизмати ҳарбӣ боз ҳам ташаккул меёбад».
Хизмати ҳарбӣ мактаби бузурги мардонагӣ, обутобёбӣ, нерумандӣ ва одат кардан ба низому тартиб мебошад. Ҳар касе дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намояд, чусту чолокӣ, далерию шуҷоатмандӣ, ватандӯстӣ ва дигар хислатҳои наҷибро доро мешавад.
Илова бар ин, хизмати ҳарбӣ ҷавонони минтақаҳои гуногуни мамлакатро ба ҳам дӯсту бародар гардонида, ба таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ мусоидат мекунад.
Роҳбарону афсаронро лозим аст, ки дар қисмҳои низомӣ чунин фазои дӯстиро ҳамеша пойдор нигоҳ дошта, ба сарбозон мисли фарзандони худ муносибат намоянд. Тавре Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Роҳбарону афсарон бояд ба сарбозон мисли фарзанди худ муносибат намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд. Шахсан, ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзандони худ дӯст медорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал, барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё карда шавад».
Боварӣ дорем, ки ҷавонмардони далери Ватан хизмати низомиро бо сари баланд адо намуда, ҷисман обутобёфтаю соҳибмаърифат ва худшиносу ватандӯст мегарданд.
Хусрав МИРАЛӢ,
Прокурори ноҳияи Файзобод,
мушовири адлияи дараҷаи 1