«Шоҳнома» шоҳкоре дар забони тоҷикист. Асари безаволе, ки аз устура то таърихро фаро мегирад, қаҳрамонию қаҳрамононро меситояд, ишқро тараннум мекунад. Симоҳои барҷастаеро чун Рустами Достон, Геву Гударз, Тӯсу Гурдофарид, Сиёвушу Исфандиёр… ки ҳар кадоме рамзи тавоноию размоварӣ ва пуштибони Эронзамин ҳастанд ба мо муаррифӣ месозад, балки ин чеҳраҳоро дубора зинда менамояд ва корномаи ононро ҷовидонӣ мегардонад.
Абулқосим Фирдавсӣ бо эҷод кардани «Шоҳнома» тавоноии забони моро ба намоиш мегузорад ва асли моро, халқи тамаддунофару донишпажӯҳ ва ҷаҳондор буданамонро бозгӯ мекунад. Ӯ баъд аз эҷоди «Шоҳнома» таъкид месозад:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам ба-дин порсӣ.
Оре, Фирдавсӣ Аҷамро бо забони порсӣ зинда сохт. Ӯ қаҳрамоние кард, ки мислашро каси дигаре анҷом надодааст. Забони «Шоҳнома» забони поку беолоиш аст. Дар забони сараи ин асари безавол, ки 60 ҳазор байтро дар бар мегирад, Фирдавсӣ ҳамагӣ 865 вожаи арабиро истифода мебарад. Даъвои шоир «Аҷам зинда кардам ба-дин порсӣ» беҳуда ва беасос нест. Агар мо ба сарнавишти миллату забони ӯ назар андозем, ин ҳақиқатро хубтар дармеёбем.
Вақте арабҳо сарзамини Эрони бостонро тасарруф намуданд, қариб 200 сол забони дарбори шоҳон арабӣ буд. Яке аз мақсадҳои онон аз байн бурдани забони порсӣ ва арабӣ кардани он ба шумор мерафт. Истилогарон на танҳо забон, балки фарҳанг ва дониши ниёкони моро аз бех нобуд кардан мехостанд. Дар ин бора дар китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаи муҳиме таъкид шудааст: «Вақте сипоҳиёни араб бо сардории Саъд ибни Абиваққос кишвари Эронро истило намуданд, китобҳои зиёде ба дасти онҳо афтод. Саъд ба халифа Умар нома навишта, раъйи ӯро дар бораи китобҳо бихост. Умар дар ҷавоб навишт: «Китобҳоро дар об афканед, зеро агар онҳо боиси роҳнамойӣ бошанд, мусулмононро роҳнамое беҳтар аз «Қуръон» нест ва агар далели гумроҳӣ бошанд, мо аз он бениёзем».
Ҳамин тавр, мероси илмию адабӣ ва фарҳангии мо бераҳмона аз ҷониби аҷнабиён нобуд мегардид, меросе, ки метавонист барои рушди ҷомеаи он давраинаи ниёкони мо ва халқҳое, ки дар давру барашон зиндагӣ мекарданд, имконият ба вуҷуд орад. Аз байн бурдани махзани дониш, фарҳанг ва тамаддуни ин ё он халқ маънои маҳв кардани забони онро дорад. Ин нуктаро Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул- боқия» боҳасрат таъкид мекунад: «Вақте Қутайба ибни Муслими Боҳилӣ бар мардуми Хоразм даст ёфт, нависандагони эшонро ба қатл расонд, ҳирбадонро бикушт, китобу рисолаҳои онҳоро ба оташ афканд. Аз он пас мардуми Хоразм дар нодонӣ фурӯ рафтанд ва он чиро, ки имрӯз аз ҳикмату улум медонанд, ҳамаро сина ба сина нақл кардаанд ва танҳо аз рӯйи ҳофиза гуфтаанд».
Ба чунин сарнавишт гирифтор шудани миллати тоҷик маънои онро дорад, ки халқи мо дуюмбора мисли қуқнус аз хокистари худ эҳё гаштааст, тан ба нобудӣ надодааст. Сокинони Ироқ ва Мисру шимоли Африқо араб шуданд, забони худро аз даст доданд, фарҳангу тамаддунашон нобуд гашт, вале ниёкони мо бо ҷонфишониҳо забонашонро ҳифз намуданд.
Ҳамчуноне, ки таъкид шуд, забони расмии ҳукуматҳои эронӣ қариб 200 сол то ба сари давлат омадани Яъқуби Лайси Саффорӣ забони арабӣ буд. Вақте Яъқуби Лайс ба ҳукумат расид, забони расмии ҳукуматро форсӣ эълон кард ва дастур дод, ки дигар аз забони арабӣ истифода набаранд. Ҳатто вақте шоире бо забони арабӣ дар васфи ӯ шеъре навишт, сахт асабӣ гашт ва чунин гуфт: «Чаро ба забони порсӣ шеър нагӯӣ? Чизеро ки ман андар наёбам, набояд гуфт».
Яъқуби Лайс шахсияти далеру шуҷоъ ва ҳувиятхоҳ буд. Чунин рафтори ӯ воқеан ҳам, ба раванди ташаккули забон ва фарҳанги мо таъсири бузург гузошт. Ин кори ӯро шоҳони Сомонӣ низ пайравӣ карданд ва дар рушди илму адабиёт ва фарҳанги мо нақши мусбат бозиданд.
Далелҳои дар боло зикршударо Фирдавсӣ беҳтару хубтар аз мо медонист, бинобар ин огоҳона таъкид намуд, ки «Аҷам зинда кардам ба-дин порсӣ». Чуноне, ки таъкид кардем, ҳувиятхоҳӣ — решаю асли худро шинохтан аз замони Яъқуби Лайс оғоз гардид ва ин раванд то замони Фирдавсӣ идома ёфт. Шоҳноманависӣ дар он замон мисли як ҷараёни адабӣ зуҳур кард ва ривоҷ ёфт. Агар ба он замон назаре андозем мебинем, ки пеш аз Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и Абӯмансурӣ, Абулмуаяди Балхӣ, «Шоҳнома»-и Масъудӣ ва «Шоҳнома»-и нотамоми Дақиқӣ навишта шудааст. Ин ҷараёни адабӣ гувоҳи он аст, ки дар он даврон ба таъбири имрӯзӣ бедории миллӣ ба вуҷуд омада, масъалаи ҳувиятхоҳӣ хеле барҷаста ба назар мерасад.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз ҷониби дигар бузургтарин ганҷинаи забони тоҷикӣ аст, ки дар рушди минбаъдаи забону адабиёти мо таъсири амиқ гузоштааст. Албатта, дар ин самт нақши осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шоирони ҳамасри ӯ чашмрас бояд бошад, вале дареғ, ки аз осори гаронмояи Устод Рӯдакӣ фақат бештар аз ҳазор байт боқӣ мондааст.
Низомии Ганҷавӣ дар «Махзан-ул-асрор» мефармояд:
Бе сухан овозаи олам набуд,
Ин ҳама гуфтанду сухан кам набуд.
Дар луғати ишқ сухан ҷони мост,
Мо суханем ин тали девони мост.
Гар на сухан риштаи ҷон тофтӣ,
Ҷон сари ин ришта куҷо ёфтӣ?
Воқеан ҳам, мо мадюни устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Аттор, Мавлоно, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ… барин устодони сухан ҳастем, ки барои равнақу ривоҷи забони мо хидмати беназир кардаанд. Доктор Муҳаммад Алии Исломии Надушан дар ин маврид мегӯяд: «Аз чаҳор гӯяндаи қарни аввали забони форсӣ танҳо Фирдавсист, ки мо бо ӯ сареҳ ва равшан рӯ ба рӯем, се тани дигар: Мавлавию Саъдӣ ва Ҳофиз ҳар як ба шеваи худ рамзу ибҳоме доранд… Аз сӯи дигар, ин гӯяндагон зоида ва парваридаи таъриху сайри рӯзгорони Эронанд ва дарки дурусти сухани онон кумак ба фаҳми таърих ва шинохти беҳтари мардуми мо мекунанд».
Таъкид кардан бамаврид аст, ки донишу хирад, таъриху ҳикмати мардуми мо дар осори гаронбаҳои назмию насрии адибони классикиамон ниҳон аст. Қудрати забони мо низ дар ҳамин адабиёт зоҳир мегардад.
Дар лаҳни сухан забон ҷони мост. Он баёнгари ҳақиқати зиндагии дирӯзу имрӯзу фардои мост.
ВОРИС,
«Садои мардум»