Забон беҳтарин арзишҳои маънавии гузаштаи халқро ҳифз менамояд

№122 (4705) 06.10.2023

IMG-20231004-WA0027Вақте ки дар бораи забони тоҷикӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама, китоби мондагору фарогир, ки таърихи воқеӣ ва ростини забони ноби тоҷикиро дар худ ғунҷондааст — «Забони миллат – ҳастии миллат», пеши назар бо ҳарфҳои заррин ҷило медиҳад. Воқеан, забони тоҷикӣ беҳтарин ганҷ ва бузургтарин неъмати халқи фарҳангсолору тамаддунофари мост, ки он тамоми арзишҳои бузурги маънавии гузашта ва ҳозираи халқи моро ифода карда, дар асар таҷассум ёфтааст. Дар ин росто, се вижагию вазифаи забонро вобаста ба ҷойгоҳи он дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳамчун яке аз падидаҳои он баррасӣ ва матраҳ мекунем.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забон дар пойдории давлатдории миллии тоҷикон рӯз аз рӯз афзун шуда истодааст. Маҳз, бо иқдому ташаббус, бо ибтикору пайкор ва сарварию роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба ин ­даст­оварду нусрат расидааст. Далелҳои возеҳи ин гуфтаҳо, чӣ тавре дар оғози матлаб ёдовар шудем, нахустсатри китоби «Забони миллат — ҳастии миллат», ки ҳамчун «калиди дари ганҷи соҳибҳунар» падид омадааст, мебошад: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Ин шоҳасар дар илми забоншиносию тоҷикшиносии ватанию ҷаҳонӣ мақоми меҳварию бунёдиро гирифт ва ҳамчун шиносномаи забони тоҷикӣ маъруф аст. Дар ин шоҳасар таъкидан хусусияти муҳими ин забон нишон дода шудааст: «Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдат­офаринии он аст».

Ҳамчунин, барои таъмини пешрафти забон бунёду таъсиси муассисаҳои таълимии томактабӣ, умумӣ, коллеҷу литсейҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, симо ва садои миллӣ, шӯроҳои илмӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, баргузории олимпиадаҳо, озмунҳо эълон шудани Рӯзи забони давлатӣ боз як қадами муҳим дар роҳи эҳтирому бузургдошти забони тоҷикӣ гардид. Бамаротиб зиёд гардидани чопи китобҳои нав, бознашри асарҳои мондагори нависандагону шоирони классику муосири тоҷик, аз ҷумла, силсилаи «Ахтарони адаб», инчунин, осори адибони номвари ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ ва бо супориши Роҳбари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи мамлакат дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров иқдоми олӣ дар тавсеаи забони тоҷикист.

Забони тоҷикӣ забонест, ки дар заминаи забони халқият дар раванди ба миллат табдил ёфтани халқ ташаккул ёфтааст. Шиддати ин раванд ба суръат ва шароити махсуси инкишофи миллат дар тӯли таърихи мавҷудияташ вобаста аст. Забони миллӣ низомест, ки шаклҳои мавҷудияти забон: забони адабӣ (шаклҳои шифоҳӣ ва хаттӣ), навъҳои гуфтугӯи мардумии забон ва гӯйишҳоро дар бар мегирад.

Забони адабии миллӣ шакли инкишофёбанда буда, мавқеи пешбарандаро ишғол намуда, тадриҷан метавонад ҷойи гӯйиш­ҳоеро гирад, ки дар марҳилаи аввали инкишофи забон, дар муошират ҳукмфармо буданд. Дар баробари ин, ташаккули вижагиҳои нави гӯйишҳо қатъ мегардад ва дар зери таъсири забони адабӣ тафовутҳои бемайлони гӯйишҳо аз байн мераванд. Дар баробари ин, доираи забони адабӣ васеъ шуда, вазифаҳои он мураккабтар мегардад. Шакли адабии забони миллӣ, ки дар асоси муоширати халқ инкишоф меёбад, қудрату матонати шикастнопазирро метавонад доро гардад.

Вобаста ба зарурати қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мураккабу гуногунҷанбаи ҷомеа, ки дар натиҷаи рушди адабиёти бадеӣ, публитсистика, илму техника, инчунин шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ ба вуҷуд омадааст, низоми дастурии забони адабии миллӣ ба таври мукаммал ташаккул, инкишоф ва ғанӣ мегардад. Дар ин раванд, аслан соҳибони забон — донишмандон, муҳаққиқон, равшанфикрон, шоиру нависандагон барои забони адабии миллӣ эътироф шудани забони модарӣ хизмат мекунанд ва вазифадор ҳам ҳастанд. Чунончи, дар мабнои забони тоҷикӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид медоранд: «Яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи Тоҷикистон – аз хурд то бузург, равшан­фикрону донишмандон, инчунин, дастгоҳи давлатию ҳукуматӣ ҳифз кардани забони бостонии зебову шево, ширину шоиронаи тоҷикӣ тозаву ноб ва поку беолоиш ба ­наслҳои оянда расонидани он аст».

 Дар шароити тараққиёти иҷтимоӣ забони адабии миллӣ унсури ягонаи эътидолшудаи умумихалқӣ бо муоширати озод барои доираи васеъ моликияти ҳар як соҳибзабон мегардад. Забони миллӣ категорияи иҷтимоӣ-таърихиест, ки воситаи муоширати миллат аст. Забони миллӣ дар баробари ташаккули миллат ташаккул меёбад. Забони миллӣ вориси миллат аст. Забонест, ки имкон дорад, моликияти муҳими аз насл ба насл интиқоли суннатҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва миллиро нигоҳ дораду ҳифз кунад. Хусусияти тағйирёбандагию устувории забон ҳамчун объект ҳикмат ё фалсафаи худро дорад. Дар раванди тағйирёбӣ устувории нисбии объекти тағйирёбанда дида мешавад. Забони миллӣ дар давраю марҳилаҳои таърихии худ дар баробари тағйир додани бахшҳои забон вижагиҳои нав пайдо мекунад ва ҳатман хусусиятҳои муҳими ҳолати пештараро нигоҳ медорад, бинобар ин, устувории худро нишон медиҳад, ки ин боиси побарҷойӣ ва ҳифз шудани таърихи миллат ва забон мегардад. Чунончи: «Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳою тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст».

Мавҷудияти забони миллӣ на танҳо дар гуфтугӯ, балки дар ­шаклҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ хоси истифодаи он низ зоҳир мегардад. Забон, ки мувофиқи қонуниятҳои дохилии худ инкишоф меёбад, ба сохти ҷамъиятӣ пайваста мутобиқ шуда, вазифаҳояш аз ҷиҳати иҷтимоӣ муайян карда мешавад. Имконияти чунин мутобиқшавиро моҳияти иҷтимоии забон ба вуҷуд меорад.

Низоми вазифавии инкишоф­ёфтаи забони миллӣ имкон медиҳад, ки ба таври интихобӣ ҷузъҳои он дар муошират ба кор равад, то ки барои ҳалли оптималии мушкилоти мухобирот дар ҷомеа натиҷаи муфиди мақсад­нокро таъмин намояд.

Вобаста ба забони миллӣ зинаи олии инкишофи низоми вазифавии забон мавқеи хос дорад. Мафҳуми зинаи олиро тамоми забони миллӣ не, балки асосан, яке аз таҷассуми он — забони адабии миллӣ муайян мекунад. Хусусияти инкишофёбии забони адабӣ (аз тарафи ҷамъият эътирофшуда, барои ҷамъият умумибуда, суфтаю сайқалёфта, услуби муайяндошта, меъёри ягона дошта (дар талаффуз, корбурди калима, калимасозӣ, ибораороӣ, ҷумлабандӣ) ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон алоқаманд аст, ки тамоми навъҳои асосии иттилооти оммавиро таъмин менамояд. Ин нақши афзалиятноки забони адабист.

Нуктаи назари дигар ин аст, ки тамоми бахшҳои дигар (гӯйишҳои ҳудудӣ ва иҷтимоӣ, забони мардумӣ ва ҳатто жаргонҳо) низ ба забони миллӣ тааллуқ доранд, ҷузъи он мебошанд. Ин қисматҳои забон аз ҷиҳати функсионалӣ он қадар инкишоф наёфта, нисбат ба низоми функсионалии забони адабӣ дар тақсимоти иловагӣ қарор гирифта, барои пурра шудан, коркард ва инкишофи забони адабӣ ҳамчун мавод хизмат мекунанд.

Бо вуҷуди он ки вазифаҳои асосии эстетикӣ ва идеявӣ-маъноӣ ба воситаи забони адабӣ ҳал карда мешаванд, боз омезишу воридшавии хоси ин унсурҳоро дар забони адабиёти бадеӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Вазъияти забонӣ, ки бо мафҳуми забони миллӣ, аз рӯйи таркиби хоси ҷузъҳои забони миллӣ муайян карда мешавад, шакли ягонаи забони адабиро метавонад падид орад.

Омода будани низоми вазифавӣ ва сохтории забони модарӣ дар қатори дигар ҳолатҳои иҷтимоӣ-таърихӣ, бешубҳа, яке аз сабабҳои ба сифати забони миллӣ истифода шудани забони модарӣ мегардад. Вазъияти забонӣ дар ҷомеашиносӣ аз нуктаи назари мавҷудияти он дар як ҷомеаи муайян баррасӣ мешаванд. Забоне, ки дар давраи инкишофи миллат ташаккул ёфтааст, он мавҷудияти ҳатмии шакли адабӣ ва хаттиро, ки ба гуфтори маъмулии халқию гуфтугӯйӣ наздик аст ва аз ин ҷиҳат васеъ мегардад, забони миллист.

Хусусияти дигари забон дар мақоми забони давлатӣ қарор доштани он аст. Хушбахтона, имрӯз дар кишвари мо сиёсати забон нақши меҳварӣ дорад ва заминаҳои бунёдии он – нумӯъ ёфтани ифтихори миллӣ, кашфи роҳу василаҳои амалӣ кардани тадбирҳо доир ба таҳкими пояҳои иҷтимоии давлат ва рушди забон дурандешона ва хирадмандона тарҳрезӣ гардидааст, чунки «Забони давлатӣ дар Тоҷикис­тон зери ҳимояву пуштибонии мустақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Забони модарӣ ба ҳайси забони давлатӣ будан мақоми расмӣ касб мекунад. Ба дӯши сокинон, роҳбарон, мақомот ва ташкилоту муассисаҳо барои татбиқ ва истифодаи он уҳдадориҳои муайян гузошта мешавад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ коргузориро бо забони давлатӣ ба роҳ меандозанд.

Моҳияти иҷтимоии забон бо баррасии вазифаи забон дар ҷамъият, самтҳои асосии тад­риҷан иҷтимоии забон, таърихи забон ва таърихи миллат нишон дода мешавад. Сатҳи пазириши забон аз ҷониби ҷамъият шакли мавҷудияти забон дар ҷамъият, мутобиқату муносибати забонҳо дар ҷамъияти бисёрзабонӣ ҷаб­ҳаи дигари ин падида аст.

Бале, забони модарӣ оинаи таърих ва давлатдорӣ, беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат, омили муҳими иттиҳод аст. Моро зарур аст, ки бо масъулияти волои худшиносию худогоҳӣ бидонем, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст ва ҳамеша бикӯшем, ки дар дилу дидаи наврасону ҷавонон ҷо гирифтани ҳисси ҳифз ва эҳтироми самимӣ ба забони модарӣ ҷовидона ва абадӣ бошад, яъне ин забон аз насл ба насл поку беолоиш ва бегазанд ба мерос гузарад ва бояд суханони Пешвои миллатро шиори ҳамешагии хеш бидонем, ки фармудаанд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангию забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем». Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми сентябри соли 2022 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) зимни суханронии хеш таъкид намуданд: «Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи Тоҷикистон — аз хурд то бузург, равшанфикрону донишмандон, инчунин, дастгоҳи давлатию ҳукуматӣ ҳифз кардани забони бостонии зебову шево, ширину шоиронаи тоҷикӣ тозаву ноб ва поку беолоиш ба наслҳои оянда расонидани он аст».

Ҳамзамон, барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ дастур доданд, ки дар навбати аввал бояд чунин тадбирҳо амалӣ карда шаванд:

Якум, риояи покизагии забон, дуюм, самти ба вуҷуд овардани захираи рақамии забони тоҷикӣ бештар тақвият дода шавад, зеро ин омил ба мондагории забони тоҷикӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд. Дар ин росто нусхаҳои электронии фарҳангҳои муътамад чун «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам»,«Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иҷтимоию иттилоърасонӣ ворид карда шаванд.

Сеюм, омӯхтани ҷанбаҳои назариявии забони бостонии тоҷикӣ ва омода кардани мутахассисони забонҳои авастоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ, ки сарчашмаи забони ширину шевои мо ба ҳисоб мераванд.

Чорум, омили дигари густариши забони тоҷикӣ тавассути расонаҳои ҷаҳонии интернетӣ нашр кардани осори оламшумули назму наср бо ин забон маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки таҳияи луғати мукаммали забони тоҷикӣ бо фарогирии калимаҳои умумиистеъмолии рӯзмарра, яъне китоби рӯйимизии ҳар як тоҷик ва алоқамандони омӯзиши ин забон пеш омадааст.

Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар баробари дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омӯзишу таълими забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои русию англисӣ такмил дода шавад, то ки дар оянда ин дастпарварон фарҳангу адабиёти моро бо забонҳои гуногуни дунё муаррифӣ намуда, дастовардҳои олами башарро бо забони давлатиамон баргардон карда тавонанд.

Наврасону ҷавонони мо дар раванди забономӯзӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки дар асоси хуб донистани забони модарӣ барои омӯзиши забони хориҷӣ талош намоянд, зеро «Забони модариро дар сатҳи аъло донистан, онро дӯст доштан, бо ин забони ширину шево дурусту равону зебо сухан гуфтан ва асари адабӣ эҷод кардан камоли эътиқоду эҳтиром ба Ватан – Модар ва далели ҳисси баланди миллӣ мебошад»

Моро мебояд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш дониста, сидқан барои пешрафту шукуфоии забон, ки забони модарии адибон, шоирон, олимон, мутафаккирони миллат ва инъикосгари табиат, оҳанги гуфтори миллӣ ва шуури миллист, талош варзем.

Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,

ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода