6-уми октябри соли 2023 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод бо мушовири миллии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳлили қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бо ифротгаройӣ Лариса Александрова мулоқот намуданд.
Дар мулоқот раванди татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва пешбурди ҳуқуқҳои занон ва мардони ҷавон, ки аз радикализм осебпазиранд, мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Нарзулло Маҳмудов иштирок ва суханронӣ намуд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ