ҒОНЧӢ. ( Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар ноҳияи Ғончӣ пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор шуд. Он масъалаи «Тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва ахлоқию маънавии ҷавонон»- ро мавриди баррасӣ қарор дод. Нотиқон зимни суханронӣ диққати асосиро ба масъалаи саҳми собиқадорон дар тарбияи ҷавонон, аз ҷумла даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва мушкилоти он ҷалб намуданд. Сипас, чанд тан аз собиқадорон, аз ҷумла раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Муҳсин Раҳимов суханронӣ намуда, мулоҳизаҳои худро дар ин маврид баён доштанд. Иштирокчиёни пленум ба ҷавонони ноҳия Муроҷиатнома қабул карданд.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон