Имрӯзҳо дар мамлакат вобаста ба татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» чорабиниҳои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ муташаккилона идома дорад.
Аз рӯи ҷамъбасти даҳаи аввали моҳи октябр шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ нақшаи даъвати тирамоҳиро 65 фоиз, Хатлон 60 фоиз ва вилояти Суғд 54 фоиз иҷро намуданд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун ҳарсола дар рӯзи аввали маъракаи даъват аз иҷрои нақша мужда доданд.
Дар маҷмӯъ, иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар мамлакат тайи даҳ рӯзи аввали моҳи октябр 55,4 фоизро ташкил медиҳад. То ин дам дар ҷумҳурӣ 15 шаҳру ноҳия нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро кардаанд.
Алҳол шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар шуда, доимо дар мадди таваҷҷуҳи Сардори давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Сарбозону афсарон бо сарулибос, се вақт хӯроки гарм ва ашёи беҳдошт таъмин буда, дар тамоми қисмҳои низомӣ китоб ва рӯзномаю маҷаллаҳо барояшон дастрас аст.
Тавре ба назар мерасад, солҳои охир сафи хизматчиёни ҳарбӣ аз ҳисоби ҷавонони маълумоти олидор зиёд шуда истодааст. Ин боиси баланд шудани сифати омодагии дифоии ҷавонони мамлакат мегардад. Муҳлати хизмати ҳарбӣ барои ҷавонони маълумоти олидор 12 моҳро дар бар мегирад. Собит шудааст, ки ҷавонони хизмати низомиро адокарда дар фаъолияти минбаъдаи худ бинобар риояи низому тартиб бештар муваффақ мешаванд.
Тибқи муқаррароти моддаи 43- юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Аз ин рӯ, хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барои ҷавонони далер ва баору номуси кишвар боиси ифтихору сарбаландист.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»