Дар он бояд ҷавонон саҳм гиранд
Боиси фараҳмандист, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 — уми январи соли 2022, солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд, ки аз ғамхориҳои Сарвари мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқу Ватан дарак медиҳад, зеро бе саноатикунонии мамлакат расидан ба ҳадафҳои навбатӣ — аз ҷумла, аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани он ба душвориҳо мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Воқеан, заминаи асосии рушди босуботи ҳар як кишварро, маҳз саноат ташкил медиҳад. Рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзун гардидани андоз ин ғанӣ гардидани буҷет ва таъмини зиндагии боз ҳам шоистаю арзишманди аҳолист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».
Аз назари мо, дар марҳилаи ҳозираи инкишофи илму техника эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» амали зарурӣ ва саривақтӣ буда, шиори зиндагии ҳар фарди соҳибдилу оқил, инсони ватандӯсту комил ва ҳар хонадон бояд гардад.
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати саноатикунонии босуръати Ватани азизамон корҳои созандагию ободкорӣ ва бунёди иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ бо суръати баланд идома доранд. Аз ҷумла, соҳибкорони ватанӣ дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас мегузоранд. Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Тайи бист соли охир ба кишварамон беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст, ки зиёда аз 36 миллиард сомонии он барои рушди соҳаи саноат равона гардидааст.
Дар панҷ соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуда, то соли 2025 татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд. Танҳо соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кардаанд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.
Рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа имкон фароҳам овард, ки таи ин муддат афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.
Аз назари мо, бояд дар саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли ҷомеа, аз ҷумла зиёиён, барзгару деҳқонон, адибон, олимон, шоирону нависандагон, ихтироъкорону навоварон, ҳама чун як тан аз як гиребон сар бароварда, боз ҳам фаъолу масъулиятнок бошанд, муҳимияти масъаларо хуб дарк намуда, иҷрои саривақтию босамари онро таъмин намоянд. Аз ҷумла, аҳли маорифи ҷумҳурӣ бояд пешоҳангу пешқадам бошанд. Бояд иқрор шуд, ки саноатикунонии мамлакатро бе рушди маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор тасаввур кардан душвор хоҳад буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша мактабу маориф ва омӯзгоронро дастгирӣ менамоянду арҷ мегузоранд, чунин зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа, оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад». Аз ин рӯ, дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллиамон — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми устодону шогирдон бояд боз ҳам бештар гардад.
Зикр бояд намуд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Агар дар 70 соли замони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида бошад, танҳо дар 31 соли истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода супорида шудааст.
Чанде пеш дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон ба ҳавзаҳои интихоботӣ сафар намуда, аз ҳолу аҳволи сокинон ва суръати корҳои ободонию созандагӣ аз наздик ошно шудем. Бояд гуфт, ки корҳои ободонию созандагӣ дар саросари ҷумҳурӣ таъби ҳар бинандаро шод намуда, ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад. Муҳим аз ҳама, сокинони мамлакат ба ояндаи дурахшони Ватан боварӣ доранд ва бо азму иродаи қавӣ барои боз ҳам ободу дилрабо намудани Ватани азизамон ҷаҳду талош менамоянд. Ҷавонон бо як ҳисси баланди ифтихормандӣ ва садоқати бузург ба Ватан худро пайравони содиқи Пешвои миллат медонанд. Дар рушди ҳамаи ҷанбаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ нақши дастони пурэъҷози ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолӣ намоёну ҷилвагар аст, вале баробари ҳамаи ин, ба мақсади ниҳоӣ — саноатикунонии мамлакат расидан, ба мо зарур аст, ки миёни ҷомеа корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва оммафаҳмониро бештар гузаронем, боз ҳам суръати корҳои сохтмонӣ, бунёди иншооти дигари хизматрасонию истеҳсолиро тезонем, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.
Сокинони мамлакат, бахусус, насли наврасу ҷавон бояд арзишҳои муқаддаси истиқлолияти давлатӣ ва озодиро дуруст дарк намоянд, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва таҳкими давлатдории миллӣ ҷаҳду талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократию ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузоранд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
Б. АҲМАДЗОДА,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон